Дар хоҷагии деҳқонии «Икромҷон»-и ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон кишти картошка оғоз гардид

Ноябрь 22, 2023 09:45

ДУШАНБЕ, 22.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Дӯстӣ ба ҷараёни кишти зироати кишоварзӣ, аз ҷумла картошка дар хоҷагии деҳқонии «Икромҷон»-и деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод оғоз бахшид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Хоҷагии деҳқонии «Икромҷон» 2 гектарро ташкил дода, 2 нафар саҳмдор дорад. Самти фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ ба пахтакорӣ ва зироаткорӣ нигаронида шудааст.

Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ Қиёмиддин Каримов иттилоъ дод, ки баъд аз  ҷамъоварии ҳосили гандум дар майдони 1 гектар картошка кишт мешавад.

Раиси вилоят пеш аз оғоз бахшидан ба корҳо бо сарвари ин хоҷагӣ ва роҳбарони самти кишоварзӣ мулоқоти сарироҳӣ намуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои киштшаванда, сари вақт кишт намудани зироати ғалладонагӣ, картошка ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум дастуру тавсияҳои судманд дод.

Ҳоло дар хоҷагии деҳқонии «Икромҷон» кишти картошкаи барвақтӣ оғоз гардида, хоҷагӣ барои гузаронидани кишти дигар намуди зироат заминҳоро омода сохтааст.

Аъзои хоҷагӣ ҳар сол заминҳоро самараноку оқилона истифода бурда, 2-3 ҳосил мерӯёнанд ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм мегузорад.

Раиси вилоят ба кишти картошка оғоз бахшида, ба хоҷагидор барои гузоштани саҳм дар рушди бахши кишоварзии ноҳия ва вилоят изҳори миннатдорӣ намуд.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Ноябрь 22, 2023 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд