Дар ноҳияи Данғара «Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» доир гардид

Ноябрь 7, 2023 15:41

ДУШАНБЕ, 07.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон «Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» баргузор гардид,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзӣ.

Дар фестивал намудҳои гуногуни чорвои хурду калон аз филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар вилояти Хатлон, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолии самти чорвопарварии  шаҳру ноҳияҳои вилоят муаррифӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки соҳаи чорводорӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки кишоварзӣ ба шумор рафта, дар таъмини амнияти озуқавории аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи намоён дорад. Хусусан дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди имрӯзаи соҳа мусоидат намудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 октябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 626 ҳазору 973 сар чорвои калон, 6 миллиону 622 ҳазору 422 сар гӯсфанду буз ва 87 ҳазор сар асп мавҷуд аст. Дар ин давра 202187,8 тонна гӯшт ва 688925,0 тонна шир истеҳсол шудааст.

Дар фарҷом барои иштироки фаъол як зумра шахсоне, ки дар рушди соҳа саҳм доранд, бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 7, 2023 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд