Дар нуҳ моҳ дар ноҳияи Ҳамадонӣ 807 нафар ба нафақа баромаданд
ДУШАНБЕ, 12.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар ноҳияи Ҳамадонӣ 807 нафар ба нафақа баромаданд. Дар ин хусус сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Ҳамадонӣ Ёраҳмад Гулаҳмадзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Аз ҷумла, ӯ гуфт, ки аз онҳо гирандагони нафақаи пиронсолӣ – 610, маъюбӣ – 66, маъюбӣ то синни 18 – сола ва аз он боло- 37 нафар, бесаробонӣ- 81 ва бозҳисобӣ 13 нафарро ташкил медиҳад.
-То моҳи сентябри соли 2023 дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 15025 нафақахӯр сабти ном шудааст, ки аз он 9135 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Талаботи нафақаи онҳо дар нуҳ моҳи соли равон ба 48109439 сомонӣ баробар аст. Талаботи миёнаи моҳонаи нафақахӯрон дар ноҳия 5345493 сомониро дар бар мегирад, — гуфт сардори Раёсат Ёраҳмад Гулаҳмадзода.
Ба иттилои мавсуф, музди миёнаи нафақа дар ноҳияи Ҳамадонӣ 342 сомонӣ буда, ба нафақахӯрон аз рӯи категорияҳои гуногун нафақа тайъин гардидааст.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар айни замон дар ноҳия 2969 нафар маъюбон мебошанд, ки аз онҳо 251 нафар маъюби гурӯҳи якум, 1385 нафар маъюби гурӯҳи дуюм, 756 нафар маъюби гурӯҳи сеюм мебошанд.
Тайи нуҳ моҳи соли равон аз тарафи Раёсат ба 82 оилаи камбизоати нафақахӯроне, ки фавтидаанд, ба маблағи 109 ҳазору 600 сомонӣ кумакпулӣ расонида шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ. Ба масоили бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатии кормандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Кадучӣ толори варзишию маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи маъдан ва кӯҳкорӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори ватанӣ дар болои дарёи Кофарниҳон ба маблағи 5 миллион сомонӣ кӯпруки мошингузар сохт
Ғолиби Фестивали «Сайри гули лола» Сайфиддин Файзиддинов: «Тоҷикон аз қадимулайём гулпарвар буданд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ меҳмонхонаи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дурнамои ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин баррасӣ гардид
Шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» гардид
Имрӯз ғолибони Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҳавасманд гардонида мешаванд
Ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани XV онкологҳо ва радиологҳои кишварҳои ИДМ ва Авруосиё иштирок намуд
Иҷрои нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ дар вилояти Хатлон 112 фоиз таъмин гардидааст






