Дар нуҳ моҳ дар ноҳияи Ҳамадонӣ 807 нафар ба нафақа баромаданд

Ноябрь 12, 2023 10:58

ДУШАНБЕ, 12.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар ноҳияи Ҳамадонӣ 807 нафар ба нафақа баромаданд. Дар ин хусус сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Ҳамадонӣ Ёраҳмад Гулаҳмадзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Аз ҷумла, ӯ гуфт, ки аз онҳо гирандагони нафақаи пиронсолӣ – 610, маъюбӣ – 66, маъюбӣ то синни 18 – сола ва аз он боло- 37 нафар, бесаробонӣ-  81 ва  бозҳисобӣ 13 нафарро ташкил медиҳад.

-То моҳи сентябри соли 2023 дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 15025 нафақахӯр сабти ном шудааст, ки аз он 9135 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Талаботи нафақаи онҳо дар нуҳ моҳи соли равон ба 48109439 сомонӣ баробар аст. Талаботи миёнаи моҳонаи нафақахӯрон дар ноҳия 5345493 сомониро дар бар мегирад, — гуфт сардори Раёсат  Ёраҳмад Гулаҳмадзода.

Ба иттилои мавсуф, музди миёнаи нафақа дар ноҳияи Ҳамадонӣ 342 сомонӣ буда, ба нафақахӯрон аз рӯи категорияҳои гуногун нафақа тайъин гардидааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар айни замон дар ноҳия 2969 нафар маъюбон мебошанд, ки аз онҳо 251 нафар маъюби гурӯҳи якум, 1385 нафар маъюби гурӯҳи дуюм, 756 нафар маъюби гурӯҳи сеюм мебошанд.

Тайи нуҳ моҳи соли равон аз тарафи Раёсат ба 82 оилаи камбизоати нафақахӯроне, ки фавтидаанд, ба маблағи 109 ҳазору 600 сомонӣ кумакпулӣ расонида шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 12, 2023 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд