Дар Ню-Йорк вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об баргузор гардид

Ноябрь 10, 2023 10:04

ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр бо мизбонии Швейтсария дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстони об доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар нишаст масъалаҳои вобаста ба об ва чорабиниҳои дарпешистода, пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид (моҳи марти 2023) ва Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар чорабинӣ ба ҳайси панелистон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат, Намояндаи доимии Нидерландия Ёка Брандт, муовини Намояндаи доимии Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Исо Абушаҳоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷонибек Ҳикмат аҳаммияти натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳидро таъкид намуда, дар бораи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки моҳи июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумоти муфассал ироа намуд. Инчунин Намояндаи доимӣ аз давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои СММ даъват намуд, ки дар Конфронси номбурда фаъолона иштирок намоянд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 10, 2023 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид
Нишасти навбатии Гурӯҳи корӣ дар қолаби С5+Олмон баргузор гардид
Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Исроил ва Эрон истиқбол менамояд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Малдив эътимоднома супорид
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи иқтисоду тиҷорат баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон зарбаҳои неруҳои ҳарбии ҳавоии Амрико ва Исроилро ба иншооти ҳастаии Эрон қатъиян маҳкум мекунад
Роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд