Дар Панҷакент барои азхудкунии заминҳо ва рушди моҳипарварӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд

Ноябрь 25, 2023 10:54

 ДУШАНБЕ, 25.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар  шаҳру деҳоти Панҷакент бо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бунёди ҳавзи моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хайру сафо» дар деҳаи Ғусари Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ аз наздик шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъ баробари анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва фароҳам овардани имконият 10 ҳавзи моҳпарварӣ бунёд мегардад. Бо ин мақсад 1,6 км садди муҳофизатӣ сохта шуда, 180 гектар замин самаранок истифода мегардад. Дар ин мавзеъ даҳ ҳавзи моҳипарварии андозааш 15 бар 25 бунёд  ва дар онҳо асосан ​ гулмоҳӣ, сазан, карп, амури сафед парвариш меёбанд.​

Ҳамчунин соҳибкорон нақша доранд дар ин мавзеъ тарабхона бунёд намуда, хизматрасонии босифатро ба шаҳрвандон пешниҳод намоянд. Тарабхона бо лоиҳаи хоси меъмории миллӣ сохта шуда, дар он асосан хӯрокҳои аз моҳӣ тайёргашта ба мизоҷон пешкаш мешаванд. Бунёди ҳавзҳои нави моҳипарварӣ дар доираи ​ «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» амалӣ шуда, ба таъмини ҳадафи стратегӣ-амнияти озуқаворӣ, фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва боло бардоштани иқтидори содиротӣ мусоидат менамояд.​

Ҳамасола дар вилояти Суғд шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ  зиёд мешавад. Ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд 63 хоҷагии моҳипарварӣ сабт шудааст, ки масоҳати умумии ҳавзҳо барои парвариши моҳӣ 685 гектарро ташкил медиҳад.​

Ҳамзамон роҳбари вилоят бо лоиҳаи обёрии 200 гектар замини деҳоти Ғусар шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади дубора ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳо хати нави обрасонӣ кашида мешавад.​

Барои ин аз пойгоҳи обкашии «Дупула» ба масофаи беш аз 4 км бо қубурҳои қутраш 325 ва 425 мм об бароварда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки зиёда аз 200 гектар заминҳои хоҷагидорон, ки солиёни зиёд бинобар сабаби норасоии оби полезӣ самаранок истифода намегаштанд, дубора ба кишт ворид шаванд. Дар ин заминҳо метавон тамоми намуди сабзавоту полезиҳоро кишту парвариш намуда, боғҳои интенсивӣ бунёд сохт.​

Дар Ҷамоати деҳоти Саразм Раиси вилоят бо лоиҳаи обёрии заминҳои хоҷагии деҳқонии «Шабнам» низ шинос гардид. Ин мавзеъ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Хайру сафо» обёрӣ гардида, аз масофаи 5 км об бароварда мешавад. Соҳибкорон нақша доранд, ки бо баровардани об 550 гектар заминҳоро ба гардиши кишоварзӣ дароранд ва минбаъд марҳила ба марҳила заминҳои обёришаванда то ба 1000 гектар расонида мешавад.​

Дар ин майдон асосан боғи меваҳои себ, шафтолу, зардолу, гелос ва монанади инҳо, ки ба иқлими минтақа мутобиқ аст, бунёд  мешавад. Истифодаи оқилонаву самараноки ​ заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ва ба ин тартиб афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, аз татбиқи ҳадафи стратегӣ- таъмини амнияти озуқавории мамлакат шаҳодат медиҳад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 25, 2023 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд