Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Ноябрь 16, 2023 14:55

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Прокуратураи  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон кормандони мақомотро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба эҳёи давлатдории миллӣ, ташаккули институти президентӣ дар мамлакат, хизматҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки соли 1992 ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти мураккаби ҷамъиятию сиёсӣ зарурати баргузор намудани Иҷлосияи навбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Вале он вақт дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ  таъмин набуда, беҳокимиятӣ ҳукмфармо буд. Аз ин рӯ, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд вакилони мардумӣ ҷамъ омаданд ва Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он намояндагони мардумӣ якдилона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд. Пас аз Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурмаҳсули худро оғоз намуда, бо далериву ҷонфидоиҳо ва истеъдоди фавқулода дар таърихи муосири давлатдорӣ таҳаввулоти азиму сарнавиштсозро амалӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқ монда, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, дар мамлакат фазои сулҳу суботро таъмин сохтанд. Ҳамзамон ба барқарорсозии иқтисодиёти азбайнрафта ва сохтори фалаҷшудаи давлатӣ шуруъ намуда, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуданд. Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ  дар мамлакат заминаҳои дахлдор ҷиҳати ташаккули институти президентӣ ба миён омад. Ҳамзамон бо мақсади муайянсозии шакли идоракунӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, татбиқи ҳадафу ормонҳои миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мардуми шарифи мамлакат 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуда, дар як вақт ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд. Сарвари давлат 16 ноябри соли 1994 савганд ёд намуда, ба фаъолияти корӣ шуруъ намуданд.

Бо назардошти ин рӯйдодҳои таърихӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14 майи соли 2016 инҷониб дар мамлакат 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, мардуми тоҷик онро бо сарбаландӣ ва ифтихор аз Ватани азизи хеш таҷлил менамоянд. Аз рӯзи оғози ин марҳилаи таърихӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти худро саропо ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва татбиқи ормону ҳадафҳои умумимиллӣ бахшида, роҳи инкишофи давлати Тоҷикистонро муайян ва дармамлакат сохти конститутсионӣ, сулҳу субот, ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро барқарор намуданд.

Прокурори генералӣ илова  намуд, ки раванду рӯйдодҳои ҷаҳони имрӯза водор менамоянд, ки барои ҳифзи истиқлолияту озодӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Мо бояд ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, қадру қимати сулҳу оромӣ ва ҳифзи дастовардҳои давлатдорӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, баҳри таъмини волоияти қонун, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушду инкишофи давлатамон аз ин ҳам бештар саъю талош намоем.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2023 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлу саҳми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими суботи минтақавӣ баланд арзёбӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор шуд
Доир ба пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар вохӯрӣ баргузор гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти амният тақвият медиҳанд
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд