Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Президент мусобиқаи волейбол барои дарёфти Ҷоми раиси вилоят оғоз шуд

Ноябрь 5, 2023 11:00

ХОРУҒ, 05.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол барои дарёфти «Ҷоми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» байни ҷавонон, занон ва мардони синни аз 40 боло оғоз ёфт, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Дар мусобиқа 30 даста аз муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, тандурустӣ, ниҳодҳои интизомию қудратӣ иштирок ва давоми як ҳафта барои соҳиб шудан ба ҷоизаи асосӣ рақобат менамоянд.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Солеҳҷон Амирҷонзода гуфт, ки «мақсади асосии чунин мусобиқаҳо оммавигардонии соҳаи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон аст. Дар мусобиқа  30 даста иштирок менамояд, ки 12 даста занона, 18 даста мардона ва 10 дастаи калонсолон мебошанд».

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода  иштирок намуда, варзишгаронро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент табрик намуда, изҳор дошт, ки «дар давраи соҳибистиқлолӣ соҳаи варзиш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври бесобиқа рушд намуда, барои таҳсилу тамрини варзишгарон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Имрӯз дар вилоят деҳае нест, ки майдончаи муосири варзишӣ надошта бошад. Дар маркази вилоят- шаҳри Хоруғ дар даҳ соли охир 13 майдон ва 2 толори калони варзишӣ бунёд гардида, бо тамоми лавозимоти варзишӣ таъмин шуданд. Кормандони соҳаи варзиш ҳамасола барои такмили касб ба даврҳои омӯзишӣ ҷалб мешаванд. Зеро пешрафти ин ё он соҳаи варзиш маҳз ба дониш,  ҳунару маҳорати мураббиён вобастагӣ дорад».

Мусобиқа то 15 ноябр идома меёбад. Ғолибон дар Рӯзи Президент бо ҷоизаи асосӣ- Ҷоми раиси вилоят, мукофоти пулӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар» 

Ноябрь 5, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид
Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард
«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд
ВАРЗИШ — ПАЙКИ СУЛҲ, ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шаҳритус аз рӯи 13 намуди варзиш машғулият гузаронида мешавад
10 АВГУСТ — РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Теъдоди иншооти соҳаи варзиш беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби 9 медал гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд