Дар шаҳри Ваҳдат «Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» баргузор гардид

Ноябрь 20, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 20.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар шаҳри Ваҳдат «Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» ва муаррифии дастовардҳои соҳаи чорводорӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии мамлакат.

Дар фестивал намудҳои гуногуни чорвои хурду калон  аз филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Зотпарвар»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ба намоиш гузошта шуданд.

Дар фестивал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни суҳбат бо хоҷагидорон ва масъулин чорводориро яке аз бахшҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ намуд.

Иброз гардид, ки рушди соҳа зери таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 ноябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2631471 сар чорвои калон, аз ҷумла 1358947 модагов, 6618342 сар гӯсфанду буз ва 86936 сар асп мавҷуд аст. Дар ин давра 253073 тонна гӯшт ва 795317 тонна шир истеҳсол шудааст.

Тибқи таҳлилҳо, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 124416 сар, аз ҷумла модагов 57305 сар, гӯсфанду буз 355795 сар, асп 1716 сар, истеҳсоли гӯшт 25772 тонна ва шир 35446 тонна зиёд мебошад.

«Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли равон тасдиқ гардидааст, ба рушди минбаъдаи соҳа мусоидат менамояд.

Дар фарҷом як зумра шахсоне, ки дар рушди соҳа саҳм доранд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд