Дар Суғд 167 ҳолати вайрон намудани қонуни танзим сабт гардид
ДУШАНБЕ, 13.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар даҳ моҳи соли равон дар вилояти Суғд ҳангоми баргузории санҷишҳо 167 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилоят Суғд.
Дар ҳудуди вилояти Суғд дар умум 16 882 тӯю маросим гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 16 ҳолати қонуншиканӣ зиёд сабт шудааст. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияи Панҷакент, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Деваштич тӯю маъракаҳо нисбатан афзоиш ёфтааст.
Бояд гуфт, ки ин қонун асосан ба камхарҷ ва сарфакорона гузаронидани маъракаҳо, инчунин аз байн бурдани тӯю маросими дабдабанок нигаронида шуда бошад ҳам, мутаассифона, аз ҷониби баъзе сокинон то кунун дар ин самт қонуншиканиҳо вуҷуд доранд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, дар нуҳ моҳи соли равон тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ 501 (дар ҳамин давраи соли гузашта 480) ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 ҳолат зиёд мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






