Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиш баргузор шуд

Ноябрь 4, 2023 15:10

ДУШАНБЕ, 04.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  3 ноябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия-кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон» ҳамоиш  баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.

Нахуст оид ба мафҳуму моҳият ва гиромидошти ин санади тақдирсоз иброз гардид, ки Конститутсия симои сиёсӣ ва эътибору нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир аст.

Воқеан Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози миллат давоми солиёни арзи вуҷуд тавонист, ки пояҳои давлату давлатдориро тақвият бахшад, волоияти қонунро барқарор намояд ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони моро таъмин намояд.

Конститутсия санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсоз, ифодагари ҳастии миллат ва иқтидори давлат мебошад. Аз ин лиҳоз маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид, ки қабули ин санади олии ҳуқуқӣ ба марҳилаҳои дигари рушду инкишофи Тоҷикистон оғози тоза бахшид.

Дар идома дар мавзуъҳои «Конститутсия-роҳнамои миллат», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳимоятгари ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» ва «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-асоси ҳуқуқии мониторинги қонунгузорӣ» маъруза пешниҳод гардид.

Дар ҳамоиш оид ба таърих, моҳият ва нақши устувори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қонунгузории мамлакат ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон табодули афкор намуданд.

АКС : Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 4, 2023 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид