Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия-кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.
Нахуст оид ба мафҳуму моҳият ва гиромидошти ин санади тақдирсоз иброз гардид, ки Конститутсия симои сиёсӣ ва эътибору нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир аст.
Воқеан Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози миллат давоми солиёни арзи вуҷуд тавонист, ки пояҳои давлату давлатдориро тақвият бахшад, волоияти қонунро барқарор намояд ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони моро таъмин намояд.
Конститутсия санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсоз, ифодагари ҳастии миллат ва иқтидори давлат мебошад. Аз ин лиҳоз маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид, ки қабули ин санади олии ҳуқуқӣ ба марҳилаҳои дигари рушду инкишофи Тоҷикистон оғози тоза бахшид.
Дар идома дар мавзуъҳои «Конститутсия-роҳнамои миллат», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳимоятгари ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» ва «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-асоси ҳуқуқии мониторинги қонунгузорӣ» маъруза пешниҳод гардид.
Дар ҳамоиш оид ба таърих, моҳият ва нақши устувори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қонунгузории мамлакат ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон табодули афкор намуданд.
АКС : Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






