Дастаи футболи «Панҷшер» пеш аз муҳлат чемпиони Лигаи якуми футболи Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 07.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пеш аз анҷоми бозиҳои даври охирин ғолиби мусобиқоти Лигаи аввали футболи Тоҷикистон гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар даври 24-уми мусобиқот дар меҳмонӣ дастаи «Душанбе»-ро бо ҳисоби калони 5:0 шикаст дод, бо касби 53 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот пешсафи ягона шуда, новобаста аз натиҷаи бозиҳои даври охирин мақоми аввалро соҳиб шуд.
Дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, ки дар бозии даври гузашта дар майдони худ дастаи «Гулистон»-и шаҳри Гулистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб сохт, бо 49 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. Ба ин тартиб, дастаҳои «Панҷшер» ва «Истаравшан», ки дар мусобиқоти имсолаи Лигаи аввал мутаносибан ҷойҳои якуму дуюмро соҳиб шуданд, бар асоси дастури мусобиқот соли оянда дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон бозӣ менамоянд.
Футболбозони «Панҷшер» бо Ҷоми чемпионӣ ва медалҳои тиллои мусобиқот сарфароз гардонида мешаванд. Ба дастаи футболи «Истаравшан» медалҳои нуқра супурда мешавад.
Барои медалҳои биринҷӣ ду даста – «Ҳулбук»-и Восеъ ва «Барқчӣ»-и Ҳисор, ки дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот бо 44-имтиёзӣ мутаносибан зинаҳои сеюму чаҳорумро ишғол намудаанд, талош доранд. Дар даври охирини мусобиқот ҳарду даста бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Бозии ҳалкунанда якшанбеи 12 ноябр дар майдони дастаи «Барқчӣ» барпо мегардад.
Дастаи «Гулистон»-и шаҳри Гулистон, ки ҳамаи бозиҳояшро бохт ва бе имтиёз зинаи охиринро гирифт, Лигаи аввалро тарк менамояд.
Хотиррасон мешавем, ки мусобиқоти имсолаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки бо иштироки 12 даста доир гардид, 12 ноябр ба поён мерасад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






