«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-РАМЗИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ ВА ИФТИХОРИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 14, 2023 10:53

ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – рамзи шинохти миллат ва ифтихори ҷавонон» ҳамоиши илмӣ — маърифатӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, дар ақсои олам ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, соҳибистиқлолу соҳибихтиёр ва ягонаву дунявӣ эътироф гардидааст. Бунёди шоҳроҳҳи азим, неругоҳҳои барқи обии баландиқтидор, таъмини рушди босуботи ҷомеа, устувор намудани пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, бунёди биноҳои баландошёна, корхонаҳои нави саноатӣ ва маҷмааҳои муҳташами меъморию фарҳангӣ ва таърихию бемисл тавонист давлати навини тоҷиконро аз бунбасти комуникатсионӣ раҳо бахшад, истиқлолияти энергетикиро дар мамлакат таъмин намояд ва барои мардум зиндагии шоиставу арзанда фароҳам оварад.

Дар ростои ба даст овардани тамоми ин дастовардҳо шахсияти бузургу беназир- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, ки бо хиради азалӣ ва донишу малакаи бузурги роҳбарӣ тавонистанд халқи тоҷикро аз парокандагӣ ва давлати навини тоҷиконро аз вартаи ҳалокат раҳонанд. Ин хизматҳои шоиставу мондагори Роҳбари давлат дар шакли корномаи бузург дар таърихи давлати навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гаштаанд.

Гуфта шуд, ки сари ҳар қадам, дар ҳалли ҳар мушкилот Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи ҷавонон буда,  онҳоро дастгирӣ менамуданд. Бешак, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминагузори сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат маҳсуб мешаванд. Таҷрибаи бузурги сулҳи тоҷикон, ки натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат буд, имрӯз ҳамчун падидаи нодир ва дорои аҳамияти махсус эътироф шудааст. Мактаби давлатдории Пешвои миллат мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, садоқату муҳаббат нисбат ба Ватан аст.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки Пешвои миллат барои ҷавонони мамлакат на танҳо Роҳбари давлат, Президент, Раиси Ҳукумат ҳастанд, балки роҳнамои асил ва падари бузург низ мебошанд. Зеро мавсуф ба ҷавонон муроҷиат намуда, панду насиҳатҳо ва суханҳои бузург иброз медоранд. Ҳамеша ҷавононро ба роҳи сулҳу ваҳдат, оромиву осудагӣ, иттиҳоду якдилӣ, ободкориву созандагӣ ва хизмати содиқонаву софдилона ба Ватан — Модар даъват менамоянд.

​Дар ҳамоиш ҳамчунин як зумра ҷавонон аз донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳои касбӣ ва сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ изҳору сипосу миннатдории хешро ба хизматҳои шоёну шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида, таъкид намуданд, ки мактаби давлатдории ин шахсияти бузурги таърихиро ҳамеша сармашқи кору рӯзгори хеш қарор дода, талош менамоянд пайравони асили Пешвои миллат бошанд.

Дар фарҷом ба як гурӯҳ иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳо сипосномаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе тақдим шуда, дар охир суруду оҳангҳои марғуби ватандӯстона аз ҷониби ҷавонони ҳунарманду эҷодкор пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Ноябрь 14, 2023 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд