Фонди саудии рушд барои сохтмони НБО-и «Роғун» 100 миллион доллари ИМА қарзи боимтиёз ҷудо менамояд
ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон дар нишасти матбуотӣ, ки 1 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид, иттилоъ дод, ки Фонди саудии рушд барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар ҳаҷми 100 миллион доллари ИМА қарзи боимтиёзи рушд ҷудо менамояд.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон изҳор дошт, ки «лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад ва бузургтарин лоиҳа дар минтақа ба шумор меравад. Ин лоиҳаи ҳаётан муҳими рушд бо аҳамият ба масъалаи муҳити зист дар раванди рушди босуботи мамлакат тавассути истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, аз ҷумла энергияи «сабз» саҳми бузург мегузорад».
Бояд гуфт, ки маблағе, ки барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷудо мешавад, 50 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои тақдимнамудаи ин Фондро аз оғози фаъолияти он дар Тоҷикистон (соли 2002) ташкил медиҳад.
Дар нишасти матбуотӣ изҳор шуд, ки ҷудо намудани маблағ таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудиро ҷиҳати дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳаҳои рушди стратегии ояндадори мамлакат инъикос менамояд.
Ёдовар мешавем, ки 6 октябри соли равон Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд оид ба маблағгузории марҳилаи панҷуми лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Созишнома ба имзо расониданд. Тибқи ин созишнома, Фонди саудии рушд ба маблағи 20 млн доллари ИМА қарзи рушд ҷудо намуд. Умуман, аз 195 млн доллари ИМА, ки Фонди рушди саудӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ намудааст, 95 млн доллари ИМА ба бахши маориф рост меояд.
АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаҳои маориф, менеҷмент ва идоракунӣ, иқтисодиёт, IT-технологияҳо, аграрӣ, техникӣ ва муҳандисӣ, табиӣ ва риёзӣ ва соҳаи фарҳанг бурсия ҷудо намудааст.
А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз АМИТ «Ховар»








Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид






