ФУТБОЛ. Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои бозиҳои дӯстонаи моҳи ноябр муайян гардид
ДУШАНБЕ, 09.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол ҳайати бозигаронеро, ки ба бозиҳои дӯстонаи моҳи ноябр ҷалб мешаванд, эълон намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомил мебошанд.
11 ноябр дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Дубай рафта, онҷо бо ҳамсолони худ аз АМА (14 ноябр) ва Кувайт (17 ноябр) ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Сипас дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои баргузории бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби олимпии Чин ба шаҳри Синтзян парвоз менамояд. Ин бозиҳо 19 ва 22 ноябр доир мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки рақибони дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2024 23 ноябр дар маросими қуръакашӣ муайян мегарданд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё аз 15 апрел то 3 майи соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






