ФУТБОЛ. Бозии якуми дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Русия мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 18.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар нахустин бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби наврасони Русия, ки дар Душанбе баргузор шуд, ҳисобро мусовӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозӣ бо ҳисоби – 2:2 анҷом ёфт.
20 ноябр дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе бозии дуюми санҷишӣ анҷом медиҳанд. Оғози бозӣ соати 11:00 ба нақша гирифта шудааст.
18 ва 21 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон ва Русия бозиҳои дӯстона баргузор мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






