Футболбозони навраси тоҷик бар дастаи мунтахаби наврасони Русия ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ва Русия оид ба футбол дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он футболбозони тоҷик бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар нимаи аввали бозӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ду гол ба нишон расонида, бо бартарии боваринок ба таннафус баромад. Дар нимаи дуюми вохӯрӣ бозигарони дастаи мунтахаби наврасони Русия як голи ҷавобӣ заданд, вале ҳисоб дигар тағйир наёфт. Бозӣ бо пирӯзии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки 17 ноябр нахустин бозии дӯстонаи дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби наврасони Русия дар шаҳри Душанбе бо натиҷаи мусовии 2:2 анҷом ёфта буд.
Голҳои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар ин бозии ҷолиб Ориёнмеҳри Нуриддин ва Муҳаммадҷони Тоҳирӣ ба ҳадаф расониданд. Аз ҳайати меҳмонон голҳоро Артём Пономарчук ва Артём Кузменко ба нишон расониданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






