Имрӯз ҷаласаи якҷояи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия баргузор гардид

Ноябрь 10, 2023 16:31

ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода ва раиси кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии Авруосиё ва робита бо ҳамватанон Леонид Калашников ҷаласаи васеи якҷоя бо иштироки вакилони ин кумитаҳо баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар рӯзномаи ҷаласа « Баррасии масъалаҳои рушди минбаъда ва амиқсозии ҳамкории байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия», «Дар бораи ҳолат, дурнамо ва таъмини қонунгузории ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду давлат»,  «Дар бораи фаъол намудани фаъолияти пурсамари гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла  Комиссияи байнипарлумонӣ оид ба ҳамкорӣ байни Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дурнамои рушди ҳамкории байниминтақавӣ, масъалаҳои сиёсати ҷавонон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва табодули таҷриба дар чаҳорчӯби ҷанбаи парлумонӣ» ва «Мубодилаи афкор оид ба рушди ҳамкории дуҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа таъкид шуд ки мулоқоти имрӯза, бешубҳа, рӯйдоди таърихӣ, далели рушди босуръати муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ мебошад.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки бо назардошти аҳамияти таҳкими равобити дуҷониба ва муайян намудани самтҳои нави ояндадори ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия, ки шарики стратегии мо аст, Парлумони мамлакат, бахусус Маҷлиси намояндагон минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххасу пайваста меандешад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 10, 2023 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид