Имрӯз ҷаласаи якҷояи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода ва раиси кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии Авруосиё ва робита бо ҳамватанон Леонид Калашников ҷаласаи васеи якҷоя бо иштироки вакилони ин кумитаҳо баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар рӯзномаи ҷаласа « Баррасии масъалаҳои рушди минбаъда ва амиқсозии ҳамкории байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия», «Дар бораи ҳолат, дурнамо ва таъмини қонунгузории ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду давлат», «Дар бораи фаъол намудани фаъолияти пурсамари гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла Комиссияи байнипарлумонӣ оид ба ҳамкорӣ байни Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дурнамои рушди ҳамкории байниминтақавӣ, масъалаҳои сиёсати ҷавонон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва табодули таҷриба дар чаҳорчӯби ҷанбаи парлумонӣ» ва «Мубодилаи афкор оид ба рушди ҳамкории дуҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа таъкид шуд ки мулоқоти имрӯза, бешубҳа, рӯйдоди таърихӣ, далели рушди босуръати муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ мебошад.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки бо назардошти аҳамияти таҳкими равобити дуҷониба ва муайян намудани самтҳои нави ояндадори ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия, ки шарики стратегии мо аст, Парлумони мамлакат, бахусус Маҷлиси намояндагон минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххасу пайваста меандешад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Таҳти раёсати Раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласа баргузор гардид
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст






