Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст

Ноябрь 14, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш  шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво ба 21 дараҷа мерасад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 1+6 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2 ва рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 14, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дмитрий Семёнов: «Синамоҷашнвораи байналмилалии «Тоҷи Сомон» фазои ҳамкории байналмилалӣ фароҳам овард»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба Иди Меҳргон ҳамоиш баргузор карда шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имконияти рушди хизматрасонии почта дар Тоҷикистон бо истифодаи нақлиёти барқӣ баррасӣ гардид
ZET-MOBILE рушди 5G-ро идома медиҳад: истгоҳҳои нави базавӣ ба истифода дода шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сулҳи Фарғона дар Узбекистон иштирок намуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ ва оғози фасли зимистон аст
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Маҷористон оғоз намуд
«МегаФон Тоҷикистон». Пешсафони дигаргуниҳо
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад