Иттиҳоди Аврупо ба сармоягузории рушди долонҳои иқтисодию нақлиётии Тоҷикистон омодагии худро баён намуд

Ноябрь 28, 2023 18:45

ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Брюссели Белгия дар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Мушовири Директорати генералии ҳамкории байналмилалии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Ҳенрик Ҳололей ба рушди долонҳои иқтисодию нақлиётии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ Осиёи Марказӣ ва ҳамгироии минтақавӣ таваҷҷуҳи хосса дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Дар вохӯрӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои иқтисод ва савдо, рушди ҳамкории бисёрсамтаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ҷониби Иттиҳоди Аврупоро  даъват намуд, ки барои рушди соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла долонҳои иқтисодию нақлиётӣ, энергетика, бахусус сохтмони НБО-и  «Роғун», иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, сохтмони долонҳои логистиқию нақлиётӣ ва роҳҳо бо мақсади баромадан ба бандарҳои баҳрӣ маблағгузорӣ намояд.

Дар навбати худ Ҳенрик Ҳололей изҳор дошт, ки минтақаи Осиёи Марказӣ барои ташаббуси «Дарвозаи глобалӣ» — и Иттиҳоди Аврупо бо мақсади пайваст намудани минтақаи Осиёи Марказӣ бо Аврупо муҳим буда, омода аст барои рушди долонҳои иқтисодию нақлиётии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ намояд.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки охири моҳи январи соли 2024 аввалин Форуми сармоягузории Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардида, барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи сармоягузорони аврупоӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ имконияти фаровон фароҳам меоварад. Даъват ба амал оварда шуд, ки Тоҷикистон дар он фаъолона иштирок намуда, имконияти фаровони худро ба сармоягузорони Аврупо муаррифӣ намояд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 28, 2023 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид