КИШТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Тоҷикистон дар 102 919 гектар кишти тирамоҳӣ ва зироати барвақтӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. То 17 ноябр дар Тоҷикистон кишоварзон 147 601 гектарро шудгор намуда, дар майдони 102 919 гектар кишти тирамоҳӣ ва зироати барвақтӣ гузарониданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 203 гектар, вилоятҳои Суғд- 36895 гектар, Хатлон- 50362 гектар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар 15458,8 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, ҳамасола дар ҷумҳурӣ дар майдони зиёда аз 230 ҳазор гектар, аз он 112 ҳазор гектар дар заминҳои обӣ кишти ғаллаи тирамоҳӣ гузаронида шуда, ба ҳисоби миёна ҳосилнокӣ 35,8 сентнерро ташкил медиҳад. Танҳо аз ҳисоби кишти тирамоҳӣ дар ҷумҳурӣ ҳамасола беш аз 826 ҳазор тонна, аз он дар заминҳои обӣ 464 ҳазор тонна ҳосили ғалладона рӯёнида мешавад.
Бояд гуфт, ки коркарди хок дар асоси талаботи агротехникӣ ба 30 дарсади афзоиш ёфтани зироати ғалладонагӣ мусоидат менамояд. Ин дар ҳолате амалӣ мешавад, ки техникаҳои кишоварзӣ тибқи таъйиноти пешбинигардида истифода шаванд.
Имсол бори аввал дар кишти тирамоҳии ғалладонагӣ истифодаи ҳамворкунаки лазерӣ ҳамчун технологияи муосир амалӣ гардид, ки он имконият медиҳад сабзиши минбаъдаи тухмӣ пурра таъмин ва хароҷоти сӯзишворӣ кам, ҳолати мелиоративии замин беҳтар ва корҳои минбаъдаи агротехникии ғаллазор осон гардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






