Комиссияи Иттиҳоди Аврупо омодаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод бо Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини Директори генералии масъули кишварҳои Осиёи Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Дора Коррейя вохӯрӣ намуда, тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, иқтисоди «сабз» байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики рушди боэътимод ва муҳим барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ меҳисобад. Ҳамзамон Вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои номбурда маълумоти муфассал пешниҳод намуда, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дархост ба амал овард, ки ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла энергияи «сабз», бахусус сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ ва таҳкими сарҳадот маблағгузориро зиёд намояд.
Хонум Дора Коррейя дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди мамлакат муваффақ арзёбӣ намуда, омодагии худро барои дастгирии соҳаҳои афзалиятноки болозикри Тоҷикистон баён намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар даҳаи якуми декабри соли равон ҳайати бонуфузи Иттиҳоди Аврупо бо мақсади баргузории гуфтушунидҳо ҷиҳати баррасии масъалаҳои тавсеаи ҳамкории бисёрсамта ба Тоҷикистон сафар менамояд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад
Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Рақамикунонии низоми андоз – имконияти нав барои андозсупорандагон
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тавассути имзои рақамӣ шаҳрвандон шахсияти худро фосилавӣ тасдиқ ва ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ имзо менамоянд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд






