КОНСТИТУТСИЯ — САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ. Дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб чорабинии адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид

Ноябрь 6, 2023 16:00

КӮЛОБ, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии адабӣ — фарҳангӣ баргузор гардид, — иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, кафили асосии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, пешрафти ҷомеа ва сулҳу суботи сартосарии Тоҷикистон дониста мешавад.

Дар идомаи чорабинӣ оид ба нақш ва мақоми Конститутсия дар бунёди давлати миллӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи мутаммаддини муосир фикру ақидаҳо иброз карда шуданд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи донишҷӯён пешкаш карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар» 

Ноябрь 6, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад