КОНСТИТУТСИЯ-ШАҲКИТОБИ БАХТУ САОДАТ ВА РОҲНАМОИ ИҚБОЛУ МУВАФФАҚИЯТ. Дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд

Ноябрь 4, 2023 10:37

ДУШАНБЕ, 04.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ба ифтихори 29-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.

Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иброз дошт, ки ин санади роҳнамо, ки дар шароити ниҳоят душвори вазъи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иродаи халқи шарафманди ҷумҳурӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, барои истиқрори сулҳу субот, низоми ҳаёти ҷомеа, барқарор гардидани қонунияту тартибот ва дар маҷмуъ, рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Таъкид шуд, ки арзиши олӣ эътироф гардидани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, кафолати иштироки васеи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар идораи корҳои давлативу ҷамъиятӣ аз муҳимтарин меъёрҳои Конститутсияи  мамлакат мебошанд, ки мазмуну моҳияти демократӣ доштани онро ифода менамоянд.

«Бо назардошти чунин меъёрҳои инсондӯстона ва фарогирии манфиатҳои олии миллату давлат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор дошта, ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон барои ҳар шаҳрванд азизу муқаддас ба ҳисоб меравад»,- гуфт Зайнура Азимӣ.


Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода иброз намуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави татбиқи аслҳои Конститутсияи мамлакат ба дастовардҳои шоиставу беназир ноил гардид. Маҳз бо шарофати қабули Конститутсия ва амалӣ намудани муқаррароти он Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягонаву иҷтимоӣ, сулҳпарвар ва пешоҳанги ташаббусҳои созанда муаррифӣ гардида, ба комёбиҳои барҷастаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ ноил шуд ва раванди бузурги ободонию бунёдкорӣ ва саозандагиро ҳамаҷониба вусъат бахшид.

Барномаи рангини консертии санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия ба ҷамъомад шаҳомати хосса бахшид.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Ноябрь 4, 2023 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд