Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти инсонмеҳвариро таҷассум менамояд

Ноябрь 6, 2023 13:17

ДУШАНБЕ, 06.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ табиатан ба инсон тааллуқ дошта, давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ба ғайр аз ин, аз муқаррароти ин модда бармеояд, ки олитарин арзиш дар Тоҷикистон мувофиқи Конститутсия инсон мебошад, ки ин хислати инсонмеҳварии Конститутсияро ифода менамояд. Чунин ибрози назар намудааст ба АМИТ «Ховар» декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Парвон Мирзозода.

Тавре дар моддаи 5 дарҷ шудааст, «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, калонтарин боби Конститутсия, яъне  боби 2 ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда,  аз 34 моддаи ин боб ҳамагӣ 4 моддаи он ба вазифаҳои шаҳрвандон тааллуқ дошта, 30 моддаи дигараш ба ҳуқуқи инсон бахшида шудаанд. Ин гувоҳи он аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи кафолати ҳуқуқу озодии инсон мебошад. Яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон доираи зиёди ҳуқуқҳоро дода, вазифаҳои ангуштшуморро дар назди онҳо гузоштааст.

«Ҳамзамон дар Конститутсия муқаррар шудааст, ки халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад ва муқаррар намудани ин меъёр низ аз куҳанбунёд ва фарҳангӣ будани ин халқ маншаъ гирифта, дар баробари ҳифз ва ғанӣ гардонидани арзишҳои миллӣ, инчунин садоқати давлат ва миллати тоҷикро ба арзишҳои умумиэътирофшудаи башарӣ инъикос менамояд», -гуфт Парвон Мирзозода.

Мавсуф иброз медорад, ки Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад. Таҷрибаи қабули Конститутсия дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо Истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Ба андешаи декани факултети ҳуқушиносии Донишгоҳи миллӣ, дар робита ба нақши Конститутсия дар рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ якчанд нуктаҳоро баён намудан зарур аст, ки бешак, дар раванди ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ нақши муҳим доранд:

1.Яке аз вазифаҳои муҳимми Конститутсия дар он муқаррар намудани тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, тамомияти арзӣ ва тақсимнашавандаву дахлнопазир будани ҳудуди Тоҷикистон буд, ки ин меъёри конститутсионӣ барои таъмини соҳибихтиёрии воқеии давлат ва рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил шароити мусоид фароҳам овард.

2.Дар доираи Конститутсия эътироф гардидани тағйирнопазир будани тамомияти арзӣ ҳамчун муҳимтарин принсипи ташаккули давлати миллӣ барои таъмини соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти комили он замина гузошт.

3.Дар сатҳи Конститутсия муқаррар намудани кафолати фаъолияти озодии иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва эътирофи моликияти хусусӣ ба созмон додани асосҳои иқтисодиёти миллии пешрафта мусоидат намуда, давлати моро ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун равона намуда, барои таъмини ҳадафҳои давлати иҷтимоӣ, яъне таъмини шароити арзандаи зиндагӣ имкон дод, то барои рушди иқтисодии мамлакат даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва татбиқ шаванд.

  1. Дар Конститутсия мустаҳкам намудани принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ барои рушди минбаъдаи мақомоти давлатӣ заминаҳои устувори ҳуқуқиро фароҳам овард.

5.Таҳкими мавқеъ ва нақши ҳокимияти судӣ ба ҳайси шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар Конститутсия ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат дод шуд.

Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати дарбаргирандаи арзишҳои калидии ҷомеаю давлат ва марому мақсади халқи тоҷик симои таърихӣ ва муосири ин миллати тамаддунсозро  дар худ инъикос намудааст.

Бояд иброз намуд, ки ин меъёр, яъне тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар роҳи интихоби тақдири ояндаи худ ва кафолати Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо мебошад.

Бо назардошти он ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ самтҳои асосии рушди ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян менамояд, баъди қабули он дар мамлакат дар баробари ислоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, инчунин ислоҳоти бунёдии сохтори давлатӣ амалӣ гардид, ки бо ин роҳ низоми идораи давлат ба шароити муосир мутобиқ гардонида шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 6, 2023 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ