КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он барои пойдории ваҳдати ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам овард
ДУШАНБЕ, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои муҳиме дорад, ки асоситарини онҳо вазифаи муассисӣ, ташкилӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд. Вазифаҳои муассисии Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он дар натиҷаи тағйирёбии куллии ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул гардида, асоси ҳуқуқию сиёсии инкишофи марҳилаи нави ҷомеаю давлатро муайян менамояд. Чунин изҳори андеша намудааст Сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ дар мақолае, ки бахшида ба Рӯзи Конститутсия ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.
Дар зер матни пурраи мақола оварда мешавад.
— Конститутсия ба сифати сарчашмаи ҳуқуқӣ ва қонуни асосии давлат барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон хизмат менамояд. Конститутсия ба фаҳмиши имрӯзаи мо таърихи зиёда аз 200-сола дорад ва маҳсули замони ҳукмронии синфи буржуазия ҳаст. Ин ҳуҷҷати муҳим қоидаҳо, меъёр ва принсипҳои хоссаи ташаккул ва инкишоф дорад.
Дар Конститутсия масъалаҳои ниҳоят муҳими ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодӣ – иҷтимоии ҷомеа, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа таҷассуми ҳуқуқӣ меёбанд.
Мазмуни Конститутсияро омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа муайян менамоянд. Дар он асосҳои сохти давлатӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон, салоҳияти Маҷлиси Олӣ, Президент ва амсоли инҳо мустаҳкам карда мешаванд.
Конститутсия дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад. Ҳамаи қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ дар асос ва мувофиқи Конститутсия қабул шуда, дар сурати мухолифат бо он эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Конститутсия калимаи лотинӣ буда, маънояш сохт, муқаррар намудан мебошад. Вай ҳамчун қонуни асосии давлат на дар давлати ғуломдорӣ ва на дар давлати феодалӣ маълум набуд.
Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат аз вақти ба сари ҳокимият омадани синфи буржуазия, аниқтараш аз замони инқилобҳои буржуазӣ ба вуҷуд омад.
Аввалин Конститутсия дар Фаронса соли 1791 ва дар ИМА соли 1878 қабул шуд. Барои қабули конститутсия қоидаи махсус муайян шудааст. Конститутсияро асосан мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ (парламент) ё мақомоти махсуси бо ин мақсад таъсисшуда (маҷлиси муассисон, маҷлиси миллӣ, конвент ва ғайра) қабул менамоянд.
Баъзан конститутсия ва ҳатто тағйиру иловаҳо ба он дар раъйпурсии умумӣ қабул мешаванд, масалан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барои таъини райъпурсӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он ризоияти Президент ва ё овозҳои на кам аз се ду ҳиссаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб мешавад, ки ин амал барои қабул ё тағйир додани дигар қонунҳои ҷорӣ хос намебошад.
Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 5 маротиба (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978, 1994) Конститутсия қабул шудааст.
Баъди ба истиқлолият соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи нави он 6 ноябри соли 1994 ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ (райъпурсӣ) қабул шуд. Ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Рӯзи овоздиҳии умумихалқӣ (райъпурсӣ), яъне 6 ноябр ҳамчун иди умумимиллӣ эълон шуд, ки ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Вазифаи ташкилии Конститутсия аз он иборат аст, ки дастовардҳоро дар ҳаёти ҷомеа мустаҳкам менамояд, балки вазифаҳои наверо пешорӯи ҷомеа ва давлат мегузорад.
Дар соҳаи сиёсати дохилию хориҷӣ Конститутсия дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии эътирофшуда самти фаъолияти давлатро муқаррар менамояд. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳеҷ мафкураи сиёсиро ҳамчун идеологияи ҳукмрон эътироф надорад.
Баъди қабули Конститутсияи соли 1994 низоми ҳуқуқӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ нав гардид ва меъёрҳои нави ҳуқуқу озодиҳо ба миён омаданд. Ин дигаргуниҳо аз вазифаи ҳуқуқии Конститутсия бармеоянд.
Мехоҳам ин ҷо хусусияти Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро махсус иброз намоям:
-Бори аввал дар таърихи давлатдории миллати тоҷик матни Конститутсия ба забони давлатӣ омода шуда буд.
-Бори аввал буд, ки ғояи ҷамъияти ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститутсияро ташкил медод.
-Бори аввал дар Конститутсия халқ ҳамчун василаи истиқлолият ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро инчунин ба воситаи намояндагони худ амалӣ мегардонад.
-Бори нахуст Тоҷикистон дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон дошт, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф менамояд ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
-Маҳз дар Конститутсияи соли 1994 халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон кафолат дода шуд. Дар он ҳуқуқи инсон арзиши олӣ эътироф шудааст.
-Бори аввал ғояи ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститутсияро ташкил медод.
-Дар асоси он тағйиру иловаҳо аввалин маротиба дар мамлакат парлумони касбии иборат аз ду палата — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфт.
-Дар Қонуни асосӣ аввалин маротиба ҳуқуқҳои фитрӣ ва табиии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, қадр, номус, амният, озодӣ ва дигар ҳуқуқҳои он ба таври возеҳ муқаррар гардидаанд, ки ин хусусият Конститутсияи моро дар радифи қонунҳои асосии кишварҳои пешрафта қарор медиҳад.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати дорои қувваи олии ҳуқуқӣ хусусияти худро дорад:
1) Он муқарраркунандаи меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ буда, барои меъёрҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ хусусияти умумӣ муқаррар мешавад. Сарчашмаҳои ҳуқуқӣ ва меъёрҳои ҳамаи дигар сарчашмаҳо аз меъёрҳои Конститутсия бармеоянд ва дар асоси он ба танзим дароварда мешаванд. Ҷузъиёти онҳо муайян ва танзим мешавад.
2) Бартарият, вижагиҳо ва хусусияти Конститутсия дар мазмуну мундариҷаи васеи меъёрҳои он ифода мегарданд. Ин меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ба ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт таъсир расонида, мундариҷаи онҳоро муқаррар менамояд. Конститутсия аз сабаби санади олии ҳуқуқӣ буданаш фарогири фазои ҳуқуқии давлатӣ буда, муайянкунандаи самти рушди низоми ҳуқуқии давлатӣ аст.
3) Амали мустақими меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ аз эътибори олии ҳуқуқӣ доштани меъёрҳои он бармеояд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд
4) Конститутсия худ сарчашмаи дорои қувваи олии юридикӣ буда, меъёрҳои он низ муайянкунандаи сарчашмаҳои ҳуқуқӣ ба шумор мераванд. Ҳуқуқи конститутсионӣ дар самти идоракунии давлатӣ танзимкунанда ва муайянкунандаи низоми ҳуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда эътибори ҳуқуқӣ ва тартиби қабул, бекор кардан ва нашри онҳоро муқаррар менамояд.
5) Меъёрҳои конститутсионӣ иродаи давлату миллат буда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои давлату ҷомеа шароит фароҳам меоранд. Ҳамин ҷиҳат аҳамияти Конститутсияро ба сифати сарчашмаи ҳуқуқ боло мебардорад.
6) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии меъёрию ҳуқуқӣ ва сиёсӣ буда, дар доираи ҳадафҳо ва маромҳои стратегии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия ва қабул гардида, бо арзишмандии ҷамъиятии худ санади дорои эътибори олӣ мебошад.
7) Хусусияти аз ҳама муҳим ва ҷолиби диққати Конститутсия дар он зоҳир гардидааст, ки он ба мафкураи ягон ҳизб ё ташкилоти диниву сиёсӣ асос наёфтааст.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои таҳкими аркони давлатдорӣ, тақвияти принсипи дунявият, устувории суботу амният, пойдории ваҳдати ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам овард. Бо назардошти аҳамияти Конститутсияи соли 1994 Президенти муҳтарами Тоҷикистон чунин таъкид намуда буданд:
«Демократия дар ҳолате вуҷуд дошта метавонад, ки ҳокимият ба дасти қонун аст».
АКС: АМИТ «Ховар»