«Корвони саломатӣ» ташхис ва муолиҷаи ройгони беморонро дар шуъбаҳои Беморхонаи вилоятии Бадахшон идома медиҳад
ХОРУҒ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва расонидани хизмати ройгони тиббӣ ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Корвони саломатӣ» дар ҳайати 46 нафар мутахассисон ба шаҳри Хоруғ сафар намуд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар дод, чанд рӯз аст, ки табибони «Корвони саломатӣ» ба ташхис, муоина ва муолиҷаву ҷарроҳии гуногуни ройгон машғул мебошанд.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Корвони саломатӣ» бо ҷалби беҳтарин мутахассисони варзидаи соҳаи тиб, табибони дараҷаи олӣ оид ба соҳаҳои ҷарроҳии асаб, вертибиолог, бемориҳои бачагона, бемориҳои асабу гурда, мутахассисони дилу рагҳои хунгузар, саратоншинос, духтури бемориҳои занон ва чашм дар шаҳри Хоруғ қарор дошта, давоми бештар аз даҳ рӯз ба ниёзмандон бо истифода аз дастгоҳҳои замонавии тиббӣ хизмати ройгон мерасонанд.
Ҳадафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ аз ин тадбир ҳарчӣ бештар коҳиш додани бемориҳои гуногун дар байни аҳолӣ ва бахусус кӯдакону наврасон мебошад.
Модари як кӯдаки маъюб Гулнигор Абдуллоҷонова бо изҳори сипос аз ташаббускорони «Корвони саломатӣ» гуфт, ки «фарзанди ман нуқси модарзодӣ дорад ва чанд сол аст, ки дар маркази «Нур» табобат ва кумаки равоншиносӣ мегирад. Ман тасмим гирифта будам, ки барои идомаи табобат ба шаҳри Душанбе равам, аммо, хушбахтона, худи табибони варзидаи ҷумҳурӣ ба шаҳри Хоруғ омаданд. Онҳо саломатии кӯдакони моро муоина намуда, ба мо, волидон тавсияҳои судманд медиҳанд. Чунин ташхисҳои ройгон имкон медиҳанд, ки беморон бе ягон саргардонӣ аз муоинаи табибон гузашта, аз саломатии худ ва фарзандонашон бохабар гарданд. Зеро бе ташхису тавсияи дақиқу комил табобат ғайриимкон аст».
Муоинаву муолиҷаи беморон чанд рӯзи дигар идома ёфта, сокинон аз ноҳияҳои дурдаст низ имконият пайдо намуданд, ки аз хизматрасонии ройгони тиббии «Корвони саломатӣ» баҳравар гарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






