ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24. Пагоҳ дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Персеполис»-и Эрон бо ҳам бозӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё бо яке аз дастаҳои пурқуввати қора- дастаи футболи «Персеполис»-и Эрон рақобат менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
24 октябр дар шаҳри Теҳрон бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои футболи «Персеполис»-и Эрон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон баргузор шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Озодӣ»-и шаҳри Теҳрон бо иштироки 36 450 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба нафъи дастаи футболи «Персеполис»-и Эрон анҷом ёфт.
Вохӯриҳои боқимондаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе
7 ноябр | Даври 4
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Персеполис» (Эрон)
27 ноябр | Даври 5
«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
5 декабр | Даври 6
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






