Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ соҳиби таҷҳизоти ташхисӣ ва табобатӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ, тақвияти марказҳои саратоншиносӣ ва рушди хизматрасонии ташхисии марказҳои саратоншиносӣ аз ҷониби Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти ташхисӣ (ултрасадо) ва табобатӣ (рентгентерапия) тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентӣ хабар доданд.
Зимни баргузории ҷамъомад ёрдамчиёни ҳамоҳангсози миллӣ доир ба ҳамкории самарабахши ин ду ниҳод изҳори назар намуда, ҷиҳати сари вақт ташхис ва пешгирӣ намудани бемориҳои саратоншиносӣ дар ҷумҳурӣ аз номи Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) ин таҷҳизоти муосирро ба сардухтури Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Зафар Ҳусейнзода супориданд.
Дар доираи ин лоиҳаҳо се нафар корманди Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ дар давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар самтҳои ташхиси нурӣ, томографияи резонанси магнитӣ (МРТ) ва табобати нурӣ омӯзиш гирифтанд.
Мақсад аз татбиқи лоиҳаи миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ тақвияти кори марказҳои саратоншиносӣ ва рушди хизматрасонии ташхисии марказҳои саратоншиносӣ ҷиҳати сари вақт муайян ва пешгирӣ намудани бемориҳои гуногуни саратоншиносӣ дар ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои тобеи марказ мебошад.
Дар солҳои оянда дар доираи ин лоиҳа хариди дигар таҷҳизоти ташхисию табобатӣ ва омӯзондани кормандони касбии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад






