Маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатии Федератсияи Русия – ордени «Барои хизмат дар назди Ватан»

Ноябрь 21, 2023 19:20

ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Кремл маросими бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» сарфароз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмӣ дар пойтахти Федератсияи Русия қарор доранд, баргузор гардид.

Дар оғози маросим Фармони Президенти Федератсияи Русия дар бораи мукофотонии Сарвари давлати мо бо ин нишони давлатии Русия қироат карда шуд.

Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин зимни супоридани мукофот саҳм ва хизматҳои хосси Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ки имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муваффақона рушд меёбанд, таъкид намуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар навбати худ, аз ин тасмими олии Президенти Федератсияи Русия изҳори сипос намуда, онро, пеш аз ҳама, ба қадрдонии баланди хидматҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушду таҳкими пайвастаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия мансуб донистанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо талошҳои муштараки ҷонибҳо равобити байнидавлатии ду кишвар дар руҳияи дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва эҳтироми мутақобила минбаъд низ таъмиқ ва густариш хоҳанд ёфт.

Маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатии Федератсияи Русия – ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» 21.11.2023

Ноябрь 21, 2023 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд