Муовини раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев ба Тоҷикистон омад

Ноябрь 27, 2023 09:04

ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Туркманистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Девони вазирон  Тангригули Атахаллиев барои иштирок дар  ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Ёдовар мешавем, ки 27-28 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ баргузор мегардад.

Зарурати рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов, ки моҳи сентябри соли равон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми гардиши мол ва робитаҳои фарҳангию гуманитариро мавриди баррасӣ қарор дода буданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 27, 2023 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд