Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба волейбол ва тенниси рӯи миз ҷамъбаст гардида, ғолибон қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба волейбол (мардон ва занону духтарон) ва тенниси рӯи миз, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ доир шуданд, ҷамъбаст ва ғолибон муайян гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар медиҳад.
Мусобиқаҳо моҳи сентябр оғоз гардида, то моҳи ноябр идома ёфтанд. Дар мусобиқаҳои варзишӣ 32 даста аз вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, байни ҳам рақобат намуданд.
Тибқи баҳои доварон дар мусобиқаи варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз дар ҳайати даставӣ ҷойи якумро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Точикистон, ҷойи дуюмро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи сеюмро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гаштанд.
Тибқи натиҷаи бозиҳо аз рӯи намуди волейбол байни духтарон ҷойи сеюм насиби дастаи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюм насиби дастаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми якум насиби дастаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Ҳамзамон дар мусобиқаи волейбол байни мардон мақоми сеюм ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ҷойи дуюм ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми якум ба дастаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ҷом, диплом, медал ва мукофотҳои пулӣ супорида шуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки ба ғолибону ҷоизадорон дар ҳайати даставӣ мукофотҳои пулӣ тақдим гардид. Барои ҷойи сеюм 3800 сомонӣ, ҷойи дуюм 4800 сомонӣ ва ҷойи якум 6600 сомонӣ маблағ супорида шуд.
Ҳамзамон ба ғолибону ҷоизадорон дар ҳайати инфиродӣ аз рӯи намуди тенниси рӯи миз мукофотҳои пулӣ тақдим гардид. Барои ҷойҳои якум 1100 сомонӣ, ҷойҳои дуюм ва сеюм 600 ва 800 сомонӣ маблағ тақдим шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






