«НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН». Рӯзи Конститутсия дар маркази маъмурии вилояти Хатлон бошукуҳ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар бунёди давлатдории навин» конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар медиҳад.
Бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид, ки Конститутсияи мамлакат Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ чун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд.
Иброз гардид, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ давраи бисёр вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боиси на танҳо рукуди иқтисоди мамлакат, балки фалаҷ гардидани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ гардид. Аммо бо саъю талош ва заҳмати бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рукнҳои давлатдорӣ ва сохторҳои заифшудаву аз фаъолият бозмондаи давлатӣ барқарор ва то ба мақому ҷойгоҳи имрӯзаи давлати тоҷикон расид.
Тавре ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид шудааст, «қадами тақдирсоз дар бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти шакл ва сохти давлатдорӣ буд. Дар асоси воқеияти таърихиву сиёсии гузаштаву муосир ва бо назардошти манфиатҳои имрӯзу ояндаи милливу давлатӣ халқи Тоҷикистон бо майлу иродаи худ ва бо изҳори раъйи озодона роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро интихоб намуд, ки он ҳамчун ифодаи раъйи қатъии мардуми мамлакат дар моддаи якуми Конститутсияи мо барои ҳамеша муқаррар гардидааст».
Сипас дар мавзуъҳои «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — бахтномаи миллати мо», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлил ва таърихи пайдоиши он», «Конститутсия ҳамчун санади меъёрӣ — ҳуқуқии давлат» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Пас аз қисмати илмии конференсия санъаткорони Раёсати фарҳанги вилоят барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешниҳод намуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






