Намояндаи Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ оид ба забони русӣ дар Санкт-Петербург иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия 27 октябр конференсияи байналмилалии «Забони русӣ-асоси муколамаи ҳамгироӣ дар минтақаи ИДМ» баргузор шуд, ки дар он намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар конференсия муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода бо даъвати Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.
Манучеҳр Шарифзода дар ҳамоиш оид ба моҳият ва зарурати омӯзиши забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни давлатҳои аъзои Иттиҳод андешаҳояшро иброз дошт.
Ҳамчунин дар конференсия масъалаҳои омӯзиши забони русӣ ҳамчун забони модарӣ ва хориҷӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳод ва берун аз он, мавқеи ҳозираи забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаҳон, иқтидори забони русӣ дар самти ҳамкории башардӯстона, ҷанбаҳои сотсиологии паҳншавии забони русӣ, забони русӣ ҳамчун забони байналмилалии дипломатӣ, забони русӣ ва фаъолияти тарҷумаи касбӣ ва ғайра мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтанд.
Хотиррасон мешавем, ки бо қарори Шурои сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2023 Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидааст.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






