Нависандаи маъруфи Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф овард

Ноябрь 8, 2023 16:34

ДУШАНБЕ, 08.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон нависандаи маъруфи Ҷумҳурии Исломии Эрон, пажуҳишгари номвар ва омӯзгори муваффақ, ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф овард, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ.

Меҳмони олиқадрро роҳбарияти донишгоҳ ва намояндагони сохторҳои илмию фарҳангӣ истиқбол намуданд. Қаблан меҳмони олиқадр дар  намоишгоҳи донишгоҳ бо намунаи  дастовардҳои илмию таълимии донишгоҳ шинос гардид.

Сипас вохӯрии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо меҳмони олиқадр доир шуд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои илмиву адабӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, муносибатҳои илмиву адабӣ дар сатҳи муассисаҳои таълимии ду давлат  хусусан дар  замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон густариш ёфтааст.

Бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти Тоҷикистон ва Эрон дар Донишгоҳи миллӣ даҳҳо нафар муҳаққиқону пажуҳишгарон ва унвонҷӯён аз муассисаҳои таълимиву илмии Эрон омада, зери роҳбарии устодони шинохтаи Донишгоҳи миллӣ рисолаҳои илмии хешро дифоъ намудаанд.


Сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ ба унвони доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардид, ки мояи  ифтихори аҳли бисёрҳазораи олимон ва донишҷӯёни ин донишгоҳ мебошад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки намунаи беҳтарини муносибатҳои дуҷонибаи илмии байнидавлатӣ таъсис ва фаъолияти кафедраи филологияи Эрон дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллӣ  мебошад, ки дар бахши мазкур дар айни ҳол даҳҳо олимону донишмандон ва пажуҳишгарони соҳибном фаъолият доранд ва  ба омӯзишу пажуҳиши забону адабиёт ва фарҳангу таърихи Эрон машғул мебошанд. Ҳамчунин  дар Донишгоҳи миллӣ бахши  форсӣ мавҷуд аст, ки дар он ба донишҷӯён аз забон, адабиёт, таърих, фарҳанг, ҷуғрофия ва дигар масоили марбут ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дарс мегӯянд.

Таъкид шуд, ки садҳо нафар олимону пажуҳишгарони тоҷик осори адабии шоирону нависандагон ва муҳаққиқони эрониро ба риштаи таҳқиқ кашида, ҳунару истеъдод ва арзиши волои осори эшонро ба дӯстдорони шеъру адаби форсӣ расонидаанд.


Гуфта шуд, ки ташрифи хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо ҳамчун як чеҳраи илмиву фарҳангӣ, муҳимтар аз ҳама, ҳамчун омӯзгору мударрис дар самти муносиботи байнидавлатӣ саҳифаи наве боз намуда, барои муҳаққиқзанони Тоҷикистон, бахусус занони Донишгоҳи миллӣ такони ҷиддӣ дар самти машғул гаштани онҳо ба пажуҳиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мегардад.

Хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо зимни суханронӣ аз рушди муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша намуда, дар самти омӯзишу таҳқиқ ва иҷрои пажуҳишҳои тоза ибрози андеша намуд. Зимнан гуфта шуд, ки яке аз масъалаҳои меҳварии пажуҳиши муосир масъалаи занон ва мавқеи онҳо дар ҷомеа мебошад. Дар ин самт корҳои илию эҷодӣ анҷом додан талаботи замон мебошад.

Дар идомаи мулоқот китоби хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо — «Санъати зиндагии занон»  рӯнамоӣ гардид. Гуфта шуд, ки ин китоб тозанашр буда, дар он нақши занон дар ҷомеа ҳамаҷониба таҳлил гаштааст. Китоби «Санъати зиндагии занон» аз 8 боб иборат буда, мавзуъҳои мавқеи зан дар рушди давлат, зан – зебоӣ, зан — ободӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад.

Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 8, 2023 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби Шоҳҷоиза шуданд
10 нафар омӯзгор ва донишҷӯйи Донишгоҳи техникӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Дар Қатар рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон беш аз 1400 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад
Дар шаҳри Душанбе аввалин Олимпиадаи байналмилалии «KhIMIO–2025» идома дорад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Аз мероси Куруши Кабир то сиёсати Пешвои миллат» баргузор шуд
Бахшида ба 31-солагии Конститутсия дар Ёвон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба истифода дода шуд
Ҳамкории илмӣ ва таълимии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Реҷенти Лондон таҳким меёбанд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсия доир шуд
Муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон бо Коллеҷи донишгоҳии Лондон ҳамкориро оғоз намуданд
Ҳамкории муассисаҳои олии Тоҷикистон бо муассисаҳои Британияи Кабир тақвият меёбад