«ҶОИЗАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ». Кумитаи рушди сайёҳӣ барои дарёфти он озмун эълон намудааст

Ноябрь 16, 2023 09:52

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасманд намудани шахсон барои дастовардҳо дар соҳаи сайёҳӣ Озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» эълон менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Бо ин ҷоиза шахсон барои:

дастоварди беҳтарин дар рушди сайёҳии дохилӣ; дастоварди беҳтарин дар рушди сайёҳии байналмилалӣ; сармоягузории беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ; навовари беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ; кори илмӣ (таҳқиқотӣ)-и беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ ва  дастоварди беҳтарин дар таблиғи маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

Ҳамзамон барои дарёфти ҷоиза вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳуҷҷатҳои зерин: дастовардҳо дар рушди сайёҳии дохилӣ; дастовардҳо дар рушди сайёҳии байналмилалӣ; ҳуҷҷатҳои дахлдор вобаста ба сармоягузориҳо дар соҳаи сайёҳӣ; санади тасдиқкунандаи дар амал татбиқ намудани навоварӣ, ки самаранокии иқтисодӣ ва иҷтимоиро нишон медиҳад;  ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати амалигардонӣ ва татбиқ гаштани корҳои илмӣ (тадқиқотӣ) дар соҳаи сайёҳӣ; дастовардҳо дар таблиғи маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонроо пешниҳод менамоянд.

Ба маълумоти иштирокчиёни озмун расонида мешавад, ки як муаллиф (гурӯҳи муаллифон) метавонад дар як вақт ду ва ё зиёда дастовардро барои дарёфти ҷоиза пешниҳод намояд.

Инчунин  барои иштирок дар озмун ҷиҳати дарёфти ҷоиза дастовардҳое, ки муаллифи онҳо қаблан вобаста ба ҳамин дастовардҳо ба ҷоизаҳои дигари сатҳи давлатӣ пешниҳод ё сарфароз гардидааст, қабул намешаванд.

Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Академик  Раҷабовҳо 3 ё ин ки тариқи телефонҳои (+992 37) 227 87 03 муроҷиат намоянд.
Муҳлати охири ҳуҷҷатсупорӣ то 15 феврали соли соли 2024 муқаррар шудааст.

  АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2023 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд