ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун мусовӣ анҷом ёфт

Ноябрь 16, 2023 19:58

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бозии якуми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 оид ба футбол мусовӣ анҷом ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ин бозӣ имрӯз, 16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» 21 ноябр дар шаҳри Исломобод бо дастаи мунтахаби Покистон рақобат менамояд.

Дар асоси натиҷаи даври дуюми интихобӣ ғолибони нуҳ гурӯҳ ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро ишғол менамоянд, муборизаро дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 идома дода, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2023 19:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд