ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахт Мусобиқаи якуми байналмилалӣ оид ба таэквондо WT баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи якуми байналмилалӣ оид ба таэквондо WT барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар рақобатҳои даставии он Тоҷикистон мақоми аввалро соҳиб шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Федератсияи таэквондо WT-и Тоҷикистон ва Сафири Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ зиёда аз 300 варзишгариштирок намуданд, ки аз ин шумора 120 нафар аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон ва Муғулистон буданд.
Тоҷикистон байни онҳо рақобат намуда, дар рақобатҳои даставӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






