ОМИЛҲОИ МАРДУМӢ БУДАНИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2023 15:41

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои навадуми асри гузашта, дар даврае, ки ба ҳаёти миллат ва давлати тоҷикон хатарҳои зиёд таҳдид менамуд, баҳри ҳифзи соҳибихтиёрии миллӣ ва ба ҳам омадани ҷомеаи Тоҷикистон бахти миллат омад намуд ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданд.

Дар маҷмуъ таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки якчанд хусусият омили маҳбубият ва маъруфияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаанд:

Аз рӯзҳои нахуст бо халқ будан ва ба халқ такя намудан. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили мардумӣ ба ҳайси раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд. То интихоб шудан ҳамеша бо мардум буданд ва аз аҳволи мардум пурра бохабар, яъне дарду ниёзи мардуми мамлакат барои Эмомалӣ Раҳмон ошкор буд. Роҳбари давлат тамоми зинаҳои ташаккули сарвариро гузашта, аллакай дарк намуда буданд, ки мардуми Тоҷикистон чӣ мехоҳад. Махсусан, ҳангоми ба ҳайси вакили вилояти Кӯлоб фаъолият намудан ҳамеша кӯшиш менамуданд, ки бо мардум бошанду аз ҳолати онҳо бохабар. Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мушкилоти ҷойдоштаро ба таври мушаххас дар ҷаласаҳои Шурои Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода, диққати иштирокчиёнро ба масъалаҳои мубрами рӯз ҷалб менамуданд. Таҳлили 31 соли фаъолияти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои асосии муваффақ гардидан дар роҳи таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Ватан мардумӣ будани он кас аст. Калиди асосии муваффақияти Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар роҳи ба ҳам овардани миллат ва наҷоти давлати соҳибистиқлол аз байни халқ баромадан, дарди халқро эҳсос намудан ва ба халқ такя кардани ӯ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми марҳалаҳои гуфтушунид бо ҳайати мухолифин дар самти ба вуҷуд овардани боварӣ ва сулҳу субот на ба ягон гурӯҳи мушаххаси сиёсӣ ва қудрати хориҷӣ, балки ба қувваи бузурге такя намуданд, ки халқ ном дорад. Маҳз аз дарди мардум бохабар будан ва бо халқ ҳамеша наздик будан ин абармарди саҳнаи сиёсатро муваффақу маҳбуб намуд. Воқеан барои халқи худ ва миллати сарбаланди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон маҳбубу азиз ва муқаддас мебошанд.

Ҷасурӣ ва ҷонфидоӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар фоҷиабортарин давроне аз таърихи муосири миллати тоҷик бо ҷасорати инсонӣ ва хиради сиёсӣ тавонистанд халқи хешро аз коми оташи ҷанг бираҳонанд ва давлатро аз вартаи нобудӣ берун кашанд. Дар давраи буҳронӣ тамоми мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида буду ҳар гурӯҳ худро дар минтақааш мустақил меҳисобид. Ҳатто неруҳое пайдо шуданд, ки ҳадафи тақсим намудани Тоҷикистонро доштанд. Хидмати бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқи сарабаланди Тоҷикистон ва таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик дар он аст, ки ин фарзанди фарзонаи миллат ва сиёсатмадори дурандешу хирадманд дар шароити мураккаби муноқишаи ҷанги шаҳрвандӣ давлатдории тоҷиконро аз парешонӣ ва парокандагӣ ҳифз намуданд. Бо ин ҳама метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик ва давлатдории миллии тоҷикон мебошанд. Танҳо шахсияти ин чеҳраи мондагор дар баробари фитнаи душманони миллату давлат, ки дар давраҳои мухталифи таърихӣ моро ба гирдоби хун кашида буданд, қодир ба истодагарӣ намуд.

Бахшидан. Саркардаҳои ин моҷарои сиёсиро ба хотири мондагории миллату давлати тоҷикон авф намуданд, то ба худ биёянд. Бахшиш усули мардон аст, на аз нотавонон. Сарвари давлати мо ба хотири он модари аз тифли навзоду писари ҷавонмаргаш маҳрумшуда, ба хотири тифли аз модару падари хеш ятиммонда, ба хотири нону намаки ин миллати куҳанбунёду ҳифзи номуси миллӣ ҳамаро бахшиданд. Бо ташаббуси Сарвари давлат Қонуни авф қабул шуд, ки аксар саркардагони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба хотири ба ҳам омадани миллати тоҷик бахшида шуданд. Эмомалӣ Раҳмон сарваре мебошанд, ки 6 сол ҷони худро дар хатар монда, ҳайати мухолифинро ба имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ розӣ кунониданд.

Баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ. Эмомалӣ Раҳмон ягона роҳи наҷоти миллату давлати тоҷиконро дар ба ҳам омадани ин миллат ва ваҳдати миллӣ медиданд ва барои дар амал татбиқ намудани ин амал заҳмати зиёд кашиданд. Роҳи сулҳу ваҳдати миллиро дар баргардонидани гурезагони иҷборӣ ва бахшиши ҳамдигар медиданд. Ба вазъи ногувори Афғонистон нигоҳ накарда, таклифи ҳайати мухолифинро ҷиҳати дар шаҳри Кобул ва деҳаи Хостдеҳ музокира намудан қабул намуданд. Таърих ягон сарвареро дар хотираи худ сабт накардааст, ки халқи муҳоҷиршудаи хешро дубора ба Ватан баргардонад ва ҳатто дар ин роҳ кӯшише ҳам карда бошад. Дар ин роҳ Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои дигаре надоранд.

Ваъдаашонро иҷро намудан. Баробари ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб гардидан Эмомалӣ Раҳмон баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон аз вартаи ҳалокат бо шуҷоату далерӣ ва матонати беҳамто ба вазъи ногувор ва таҳдиди душманони дохиливу хориҷӣ нигоҳ накарда, ҷиҳати ба вуҷуд овардани боварӣ ва сулҳу субот талошҳои зиёд ба харҷ доданд. Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин баромади худ дар Иҷлосия дар назди вакилон чунин иброз намуданд: «Кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем… Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва баргардонидани ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам». Он кас корро аз ҳамин гуна суханҳо сар намуда, ба ҳар як суханашон амал намуда, то ба дараҷае, ки баъзан аз гуфтаҳояшон зиёд амал менамуданд, то халқ ва миллаташонро аз варатаи нобудшавӣ бираҳонанд. Имрӯз мувофиқи моддаи 1-уми Конститутсияи мамлакат Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона мебошад, ки ин идеяро нахустин маротиба Сарвари давлат дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз пешниҳод намуда буданд. Ҳамчунин мувофиқи қисми сеюми ҳамин модда Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои фароҳам овардани зиндагии шоистаи шаҳрвандон тамоми тадбирҳоро меандешад.

Сулҳофар. Маҳз бо ташабббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи апрели соли 1994 гуфтушуниди тоҷикон дар масъалаи сулҳ оғоз гардид. Талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ҳайати мухолифин ба мизи гуфтушунид нишинад. Дар ин хусус Пешвои миллат ҳама тадбирҳоро андешиданд, то дар мамлакат сулҳу суботи пойдор барқарор шавад. Имрӯз сулҳи тоҷикон намунаи олии сулҳ аз ҷониби ҷаҳон ва созмонҳои ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Таҷриба нишон дод, ки то имрӯз Тоҷикистон чандин маротиба ҳамчун давлати амнтарин эътироф гардидааст, дар ҳоле, ки мо бо давлати ҷангзадаи Афғонистон, ки ноамнтарин мамлакати ҷаҳон аст, ҳамсарҳад мебошем.

Санъати баланди муросо ва дипломатӣ. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиёсати нави хориҷии Ҷумуҳурии Тоҷикистон асос гузошта, миллату давлати моро дар сар то сари ҷаҳон муаррифӣ намуданд. Президенти мамлакат 29 сентябри соли 1993 бори нахуст дар Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нақшаҳои созанда ва ҳадафҳои сулҳомез, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ бо тамоми мамлакатҳои дӯсту сулҳхоҳи ҷаҳонро пешниҳод намуданд. Пешвои миллат дар ин раванд ҳамчун сиёсатмадор ва дипломати сатҳи ҷаҳонӣ худро муаррифӣ намуда, моҳият ва самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва усулҳои дипломатии татбиқи онро муайян намуданд. Маҳз ҳамин омил бо назардошти дастаи давлатмардони майдони сиёсат ва кормандони соҳаи сиёсати хориҷӣ заминаи фароҳам омадани давраи нисбии рушди дипломатияи тоҷик гардид. Сарвари давлати тоҷикон аз рӯзҳои аввали роҳбарии сиёсӣ сиёсати бисёрсамтиро интихоб намуданд. Ҳарчанд бо назардошти ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти вобаста ба оқибатҳои он татбиқи воқеии чунин сиёсат танҳо аз оғози асри XXI шуруъ гардид, вале марҳилаи аввалини ташаккули сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ тадриҷан ин воқеиятро возеҳ намуд. Фосилаи кӯтоҳи вақт собит сохт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат давлатдори соҳибтадбир буда, илоҷи мушкилоти пешомадаро зуд пайдо менамоянд. Ин ҳама мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати устувор дар роҳи ҳифзи манфиатҳои умумибашарӣ нишон медиҳад. Ҳамчунин садо додани пешниҳоду ташаббусҳои Сарвари давлат бо забони тоҷикӣ боис гардид, ки забони модарии мо дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ гардида, ҷойгоҳи муносиберо дарёбад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси моҷароҳои Афғонистону Фаластин чандин маротиба ибрози назар намуда, таъкид намуданд, ки қазияи ин мамлакатҳо роҳи ҳалли низомӣ надорад. Махсусан, дар баромади охирини хеш оид ба фоҷиаи Фаластин иброз намуданд, ки «Тоҷикистон ҷароҳат бардоштан ва куштани шудани ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва дар ин миён занону кӯдакон, ҳамчунин хароб гардонидани инфрасохтори ҳаётан муҳимро дар Ғаззаи Фаластин шадидан маҳкум менамояд. Ҳолати имрӯза бори дигар он ҳақиқатро собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад. Аз нигоҳи мо таъмини сулҳи одилонаи пойдор ва дарозмуддат танҳо аз роҳи иҷрои қатъномаи дахлдори СММ имконпазир мебошад».

Ин мавқеъгирӣ ва суханронии Сарвари давлат аз ҷонибдор будани миллати тоҷик ва Ҳукумати Тоҷикистон аз таҳкими сулҳу суботи сартосарӣ дар ҷаҳон хабар медиҳад. Сарвари давлат бо ин суханронии хеш бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хабар доданд. 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти таърихӣ ва миллӣ ҷавоб ба тақозои таърихи навини халқи тоҷик ва посух ба ниёзи мардум ба сулҳу оромӣ ва эҳёи давлати соҳибистиқлол буданд. Хислатҳои мунҳасир ба фард, ки гуфтем, ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки аз як шахси одӣ то ба лидери умумимиллии на танҳо Тоҷикистон, балки ба эътирофи сиёсатмадорони бузурги муосир, ба сиёсатмадори шинохтаи байналмилалӣ зуҳур намоянд. Сиёсатмадори бузург будани Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир шуд, ки тавонистанд бо абарқудратҳо ва давлатҳои минтақа тавозуни манфиатҳоро барқарор намоянд ва сиёсати мустақилона ва мусбатро пеш баранд. Хусусан, дар давраи ҷаҳонисозӣ, ки ҳифзи асолати миллӣ дар ҷабҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кори саҳлу осон нест.

Далер ҚОДИРЗОДА,
декани факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2023 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол