Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» қабул гардид

Ноябрь 15, 2023 15:20

ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода   иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026, лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026,  Дар бораи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон аз 26 майи соли 1995 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» таъкид шуд, ки бо назардошти дар сатҳи 8,0 фоиз рушд ёфтани иқтисоди миллӣ ва дар ҳаҷми 143,9 млрд сомонӣ ташаккул ёфтани дурнамои Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2024 даромади Буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 43,0 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли равон 5,9 млрд сомонӣ ё 15,9 фоиз зиёд мебошад ва нисбат ба Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 29,8 фоиз баробар гардидааст.

Бояд иброз намуд, ки дархостҳои буҷетии вазорату идораҳо аз рўйи имконияти молиявии мамлакат ба инобат гирифта шудаанд.

Хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 44,1 млрд сомонӣ бо афзоиши 6,0 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Фонди музди меҳнат дар ҳаҷми 9564,3 млн сомонӣ бо афзоиши 20,1 фоиз пешбинӣ шуда, ҳаҷми он ба 6,6 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба буҷети соли 2023 ба андозаи 0,3 банди фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2024 дар ҳаҷми 18971,1 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки афзоиши он нисбат ба буҷети соли 2023-ум 2025,5 млн сомонӣ ё 43,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дурнамои хароҷоти ин соҳаҳо ба 13,2 фоизи ММД баробар мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи маориф ба маблағи 8231,9 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2023–юм 1021,5 млн сомонӣ ё ин ки 14,2 фоиз афзоиш ёфта,   18,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 5,7 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Соҳаи тандурустӣ низ яке самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб шуда, хароҷоти соҳа барои соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 3488,9 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст. Он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2023  145,9 млн сомонӣ ё 4,4 фоиз зиёд буда, 8,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 2,4 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои соли 2024 ба маблағи 5533,6 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, нисбат ба буҷети соли 2023 ба маблағи 635,0 млн сомонӣ ё 13,0 фоиз афзоиш ёфта, 12,5 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 3,8 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Дар буҷети давлатӣ барои соли 2024 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи фарҳанг ва варзиш ба маблағи 1716,7 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 223,1 млн сомонӣ ё ин ки 14,9 фоиз афзоиш ёфта, 3,9 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 1,2 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии иқтисодиёт  ҳадафҳои стратегии мамлакат арзёбӣ гардида, зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Бинобар ин, дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2024 аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 15322,4 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он ба 10,6 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Дар лоиҳаи Буҷети давлатии соли 2024 касри буҷети ҷорӣ нисбат ба Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 0,8 фоиз ё 1151,6 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони мардумӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Каримзода, муовини Раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқӣ, Рустам Латифзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Рустам Қудратзода, Ғиёсиддин Ашурзода, Раънохон Бобоҷониён, Гулбаҳор Ашурзода ва Баҳриддин Зиёӣ муаррифӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 15, 2023 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагон: «Парлумони Тоҷикистон иштирокчии фаъол ва шарики муътамади Форуми осиёии ҳамкории парламентӣ мебошад»
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ҚУДРАТ ВА ИЛМУ ТАҲСИЛ. Андешаҳо оид ба бузургдошти забони давлатии Тоҷикистон
Дар Душанбе доир ба асосҳои қонунгузории гузариш ба рушди «сабз» ҳамоиш баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон дар Саммити минтақавии парлумонии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Ҷаласаи Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Сенати Олий Мажлиси Узбекистон доир шуд
Имрӯз иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
14-16 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest-2025» баргузор мешавад
1 октябр иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор гардид