Паҳлавонони наврасу ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё 8 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 20.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон 8 медал ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Чемпионат аз 16 то 19 ноябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир гардида, дар он 357 варзишгар — 182 нафар байни наврасон, 175 нафар байни ҷавонон аз 16 давлат иштирок намуданд. Ҷумҳурии моро байни наврасон 11 нафар, аз ҷумла 1 духтар ва байни ҷавонон 12 нафар, аз ҷумла 3 духтар намояндагӣ намуда, ба гирифтани 3 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ мушарраф шуданд.
Медалҳои тиллоро байни наврасон Лоиқ Қутбиддинов (-55кг), Ёсин Бобокалонов (-66кг) ва Муҳиддин Асадуллоев (-73кг) ба даст оварданд.
Байни ҷавонон Аҳлия Муъминова (-52кг), Абубакр Шеров (-73кг) медали нуқра, Суннатулло Мусоев (-73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81кг) ва Умедҷон Раҷабов (-90кг) медали биринҷӣ гирифтанд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд






