Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳонии самбо бо се медали биринҷӣ ба Ватан бармегарданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Еревани Арманистон ба анҷом расид, ки дар он паҳлавонони тоҷик соҳиби 3 медали биринҷӣ шуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Акмалиддин Каримов дар вазни то 58 кг дар рӯзи якуми мусобиқа аввалин медали биринҷиро соҳиб шуд. Бобохон Мирзозодаи 25-сола дар вазни то 58 кг аз самбои размӣ дар рӯзи дуюми мусобиқа ба гирифтани медали биринҷии дуюм даст ёфт. Дар рӯзи охири чемпионати ҷаҳон Худоёр Раҷабзода дар вазни то 71 кг аз самбои размӣ ба гирифтани медали биринҷии сеюм ноил гардид.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд Акмалиддин Каримов дар вазни то 58кг, Хушқадам Хусравов дар вазни то 64кг, Деваштич Убайдӣ дар вазни то 79кг, Зафар Олимшоев дар вазни то 88кг, Бахтовар Замиров дар вазни то 98 ва дар самбои размӣ Бобохон Мирзозода дар вазни то 58кг, Сорбон Латипов дар вазни то 64кг, Худоёр Раҷабзода дар вазни то 71кг ва Сарвар Ҳотамбекзода дар вазни то 88кг, муаррифӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 10 то 12 ноябр шаҳри Еревани Арманистон мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо шуд, ки барои иштирок дар ин мусобиқаи муҳими сол варзишгарон аз 65 давлат дархост доданд. Тибқи қарори Федератсияи байналмилалии самбо, варзишгарони Беларус, Русия, Фаронса ва паноҳандагон дар ҳайати тими бетараф сабқат намуданд.
Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқот дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғайр аз медал инчунин ҷоизаҳои молӣ- барои ҷойи аввал 4000 доллари ИМА, ҷойи дуюм – 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 2000-долларӣ тақдим шуд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон се паҳлавони шинохтаи тоҷик унвони чемпиони ҷаҳон оид ба самборо ба даст оварданд, ки инҳо Беҳрӯз Хоҷазода (соли 2017), Хушқадам Хусравов (соли 2018) ва Акмалиддин Каримов (соли 2021) мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






