Парчам-нишонаи сарҷамъӣ, иттиҳод, якдилӣ, — бардошт аз ҳамоиши тантанавӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон
УШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-солагии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд.
Иброз гардид, ки Парчам нишонаи сарҷамъӣ, иттиҳод, якдилӣ ва ифтихори миллат аст. Таъкид намуда шуд, ки таҳти роҳнамоию ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муттаҳидию ягонагии мардуми шарифи тоҷик мамлакати мо зери парчами давлатӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид.
Ҳамзамон дар ҳамоиши тантанавӣ кормандони Кумита Парчами миллиро рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми мамлакат арзёбӣ намуданд.
Изҳор гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллии давлатамон мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд






