ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ. Бо иштироки варзишгарон ҳамоиши тантанавӣ ва экскурсияи варзишӣ-сайёҳатӣ доир шуд

Ноябрь 23, 2023 16:20

ДУШАНБЕ, 23.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Варзишгарон-парчамбардорони миллат» ҳамоиши тантанавӣ ва экскурсияи варзишӣ-сайёҳатии варзишгарони наврасу ҷавон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мураббиёну варзишгарон ва иштирокчиёни ҳамоиши тантанавиро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, аз дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон умеду боварии онҳоро барои ба даст овардани медалҳои Бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ зиёд намуд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ба як зумра мураббиёну варзишгарон унвонҳои соҳавӣ ва сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим шуд.

Баъди анҷоми ҳамоиши тантанавӣ варзишгарон ба самти шаҳри Роғун роҳсипор гардиданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2023 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд