Парчами давлатӣ Тоҷикистонро байни зиёда аз 200 давлати дунё чун ҷумҳурии мустақил муаррифӣ менамояд

Ноябрь 24, 2023 18:32

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Парчами давлатӣ тамоми сокинони мамлакатро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он, ваҳдати миллӣ ва  кӯшишу талоши пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватан фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери мавҷҳои  Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва  меоянд.

Чунин изҳори андеша намудааст Сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ дар мақолааш бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ.

Дар зер матни пурраи мақола пешниҳод мешавад.

— Миллати тоҷик давоми таърих миллати парчамдор буд. Ҳамчун рамз (намод) истифода шудани парчам таърихи куҳан дорад. Ба қавли олимон, он таърихи зиёда аз чорҳазорсола дорад. Бостоншиносон дар Эрон парчами филизие кашф намудаанд, ки мутааллиқ ба ҳазораи сеи пеш аз милод будааст. Ба андешаи муаррихон, ин ливо, ки болои он шер ва тулӯи Офтоб  тасвир  шудааст,  яке аз парчамҳои қадимтарин маҳсуб мешавад.

Дарвоқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз ливо ҳамчун рамз ё нишони даъват ба муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд, вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, амал менамуд, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ва ё он ҷомеа, амсоли қабила, лашкар, равияҳои динию мазҳабӣ ифода мекард.

Ҳанӯз дар гузашта рушди рамзҳои  парчам ва такмилёбии унсурҳои он ба тақвияти корҳои ҷангӣ мусоидат менамуд. Парчам ё  ливо чун қоида, дар муборизаҳо маркази қӯшун ва ё макони ҷойгиршавии пешвои ҷангро ифода менамуд. Ба даст даровардани парчами душман одатан рақибро аз лиҳози маънавӣ шикаст медод, зеро аз даст рафтани ливо ифодагари он буд, ки подшоҳ мурдааст ва ё ӯ асир гирифта шудааст.

Баъдан бо гузашти вақт  парчам тағйир ёфта, шакли ягона ва муқарраршударо ба худ гирифт. Ба он акнун тасма ва ё пораи матоъро насб менамуданд. Илова шудани матоъ ба ин рамзи қадимӣ ҷиҳати дигареро хусусияти ҳатмӣ бахшид: акнун он бояд ҳатман дар ҳаво алвонҷ мехӯрд ва ин хусусиятро танҳо матоъ метавонист дошта бошад.

Бино ба маълумоти  сарчашмаҳои таърихӣ,  аввалин парчами матоӣ (то ин вақт пӯстӣ, пашмӣ, филизӣ ва ғайра истифода мешуданд) дар Чин пайдо шудааст. Сабаб ин буд, ки Чин маркази истеҳсоли масолеҳи абрешимӣ ба шумор мерафт ва ба тамоми ҷаҳон содир мешуд. Чун давлатҳо ба матои абрешими дастрасӣ ёфтанд,  парчам тағйир ёфт ва акнун аз шамол алвонҷ мехӯрд.

Дар асари «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ низ дар ҷое парчам дар шакли чарминаи муқаррарӣ (Дирафши Ковиёнӣ) ва дар ҷои дигар дар шакли чарминае, ки дар он сурати гавазн  тасвир ёфтааст (Дирафши Сиёвуш), ба риштаи назм кашида шудааст,  аммо дар бораи ранг, таркибу андозаи он дар «Шоҳнома»  чизе гуфта нашудааст. Дар Аврупо чунин парчамҳо каме баъдтар ба вуҷуд омаданд ва ба якчанд навъҳо ҷудо мешуданд: давлатӣ, ҳарбӣ, динӣ… Парчами давлатӣ ҳамчун рамз фарогири ҳамаи табақаҳои ҷомеа буд. Парчамҳои ҳарбӣ ба ҳар воҳиди ҳарбӣ хос буда, дар он рамз ва номи ҷузъу том навишта мешуд.

Парчам вобаста ба он ки чӣ хизматро адо месозад, метавонист андозаи куллан гуногун дошта бошад. Яъне ливо андозаи васеъ дошта, дар нуқтаи баланд насб мешуд. Бар замми ин, ҷуз вазифаи даркнамоӣ ва ҷудокунӣ, парчам акнун барои ифодаи мавқеи сиёсӣ, варзишӣ ва шахсӣ истифода мешуд. Дар замони мо нишон ба ҷузъи асосии фаъолияти ташкилот табдил ёфтааст. Ягон гирдиҳамоӣ, мусобиқаи варзишӣ, бозиҳо, интихобот ва маъракаи таблиғотию ташвиқотӣ бе истифодаи ин унсури дастрас, ибтидоӣ ва дар айни замон маълумотдиҳанда доир намешавад.

Беш аз ҳама парчамҳо ба сифати ҷузъи зебоӣ истифода шуда, кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо бо рангҳои парчам оро дода мешаванд. Ҳамчун ифодаи қурбонии роҳи ватан сарбозони фавтида бо парчам дафн карда мешаванд. Хушбахтона, баъди садсолаҳо бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик аз нав соҳиби Парчами миллӣ гардид. Дар баробари ин, Истиқлоли давлатӣ ба мо барои таҷлили тамоми ҷашнҳои таърихӣ ва миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити хеле мусоид фароҳам овард.

То санаи қабули Нишон ва Парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён меёфт. Дар озмун  беш аз 200 лоиҳа пешниҳод гардид, ки ҳар лоиҳаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳамммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Лоиҳаҳои пешниҳодгардида ҳамагӣ матои серанга (матоъ бо се тасмаи ранга) буданд, ки ҳар ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд. Яъне ранги сурх – озодӣ, сафед – оромӣ, сабз – ободии давлат ва миллатро ифода мекард.

Ниҳоят, Комиссияи давлатӣ ба кори худ бо интихоби лоиҳаи Парчам ва Нишони давлатие, ки аз ҷониби З.Ҳабибуллоев, А. Заневский, Л. Додхудоева, Н.Игнатушина ва М.Сайдалиев пешниҳод шуда буд, нуқта гузошт. Шуруи ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод намуд ва танҳо  24 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардид.

Пеш аз ин парчамҳо  танҳо рамзи фарқкунандагии давлатиро иҷро менамуданд, ки Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии тобеъ аз 14 ҷумҳурии дигари Иттифоқ дар фарқ қарор медоданд. Парчами нав  акнун Тоҷикистонро на чун давлати тобеъ, балки ҳамчун ҷумҳурии мустақил байни зиёда аз 200 давлати дунё ба ҷаҳон муаррифӣ менамуд. Зери Парчами  давлатии навқабулшуда орзуҳои нав ва интизориҳои халқи тоҷик ба вуҷуд омаданд. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ интизориҳои тоҷикистониёнро як муддат зери хатар бурд, аммо он дуру дароз давом накард ва баъди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27.06.1997) эътиқоду умеди мардум ба давлат ва  ба ояндаи дурахшон  дучанд шуд.

Ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ моҳи сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 м) бунёд шуд, ки он ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид шуд. Дар чунин шакл ва андоза бунёди парчам ифодаи ғурури давлатдорӣ ва ё худнамоӣ набуда, он ифодаи давлатдории қадимии халқи тоҷик мебошад. Аз ин рӯ, бузургдошти Парчами давлатӣ – арҷгузорӣ ба  таҷрибаи давлатдории гузаштагони форсу тоҷик маҳсуб шуда, ҳимоя ва қадрдонии он ба кӯшишҳои ҳар фарди ҷомеа тавъам мебошад.

Дар Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, баъди барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ бо ташаб­буси Раиси Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябри соли 1992 Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр соҳиби Парчами давлатӣ гардид.

Парчами давлатии Тоҷикистон иборат аз матои росткунҷа буда, дорои се рахи рангаи уфуқӣ мебошад: рахи боло ранги сурх, мобайнӣ ранги сафед ва поёнӣ ранги сабз дорад. Дар рӯи рахи сафед, дар мобайни Парчам, бо зарҳал тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудаанд.

Ранги сурхи Парчам — рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед — рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз — рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Тоҷ рамзи шукуҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибихтиёрӣ, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст.

Ҳафт ситора — рақами муқаддас дар оину суннат ва ҳикмати халқи мо, рамзи бахту саодат, некӣ ва пайванди арзишҳои заминӣ ва кайҳонӣ мебошад.

Басе рамзӣ аст, ки ҳафт минтақаи ҷумҳурӣ — Бадахшон, Суғд, Хатлон, Зарафшон ва водиҳои Вахшу Рашту Ҳисор низ ба ҳафт ситора мувофиқат менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 3 ноябри соли 2009 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон»  «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тибқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.

Бори аввал мардуми мамлакат Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ҳамчун иди умумимиллӣ 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳиб­ихтиёрӣ  таҷлил намуданд.

Мояи эҳсоси баланди ифтихори ҳар фарзанди ватандӯсту миллатпарвари тоҷик аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2011 дар паҳлуи чапи Маҷмааи давлатии Қасри Миллат дар баробари Нишони давлатӣ баландтарин Парчами Тоҷикистон барафрохта шуд. Дар бунёди он бинокорони корхонаи «Алюминсохтмон» ва ширкати байналмиллали «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд кашида, ҳунари баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноии он 60 метр мебошад.

Парчами давлатӣ нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ ва яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандорӣ, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Мо таҳти ҳамин Парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд».

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2023 18:32

Хабарҳои дигари ин бахш

НАЗАРИ КОРШИНОС. Рушди ҳунармандӣ ба беҳтар шудани имконияти иҷтимоию иқтисодии оилаҳо мусоидат менамояд
ТАШАББУСИ ГЛОБАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Давлати мо пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Нӯшидани чойи кабуд барои бемории дилу рагҳо, санги гурда, саратон ва қанд манфиат дорад
ДОРУ АЗ МЕВАИ ДӮЛОНА. Онро устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии бемории дилу рагҳо тайёр кардаанд
Мулоқоти гурӯҳҳои топографӣ ва кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
НАЗАРИ КОРШИНОС. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба зиёд гардидани соҳибкории хурд ва баланд шудани некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лимӯ давои бемориҳои онкологӣ, фишорбаландӣ, рӯдаю меъда ва асаб мебошад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо вазъи як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт шинос гардиданд
ОГОҲӢ. Дар Тоҷикистон то 4 март хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад
«TASHKENT GRAND SLAM 2024». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо бо 1 медали тилло дар ҷойи сеюм қарор дорад
«TASHKENT GRAND SLAM». Варзишгари Тоҷикистон Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ба даст овард
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад