ПРЕЗИДЕНТ – ҲОМИИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2023 17:13

ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16  ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Президент маҳсуб мешавад. Ин рӯз дар ҷумҳурӣ ба ҷашни анъанавии  сиёсӣ мубаддал  гардидааст, ки  шаҳрвандони  Тоҷикистон ва  тоҷикони бурунмарзӣ  ихлосмандии хешро  ба  Президент ҳамчун ҳомии сулҳу Ваҳдат  баён менамоянд. Чунин нигоштааст дар мақолааш сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор ЮСУФОВ.

Дар зер андешаҳои муаллифро манзури хонандагон мегардонем:

— Дар таърихи ҳар давлату миллат рӯйдодҳое мавҷуд ҳастанд, ки ба номи шахсиятҳои барӯманди он алоқаманд буда, аҳамияти онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ мавриди арҷгузорӣ қарор дода мешаванд. Барои мардуми тоҷик 16 ноябр аз шумули санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз маҳсуб мешавад.

Дар  Рӯзи  Президент хизматҳои бесобиқаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Тоҷикистон пеши назар оварда шуда, ифтихору эътиқоду саодатмандии мардум нисбат ба он баён мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустине, ки ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб шуданд, борҳо таъкид намуда буданд, ки ҷонибдори сохти давлати демократӣ ва дунявӣ ҳастанд.

Сохти идоракунии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷиддие барои эҳё ва дигаргуниҳои куллӣ ва тағйири низоми арзишҳои миллӣ гардида, ҷиҳати  рушди минбаъдаи давлат  заминаи воқеӣ муҳайё намуд.

Аз ҷумла, Пешвои миллат зимни суханронӣ дар иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 1993 таъкид намуда буданд, ки «мо азму ирода дорем, ки давлати ҳуқуқбунёди демократӣ созем».

Дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон давоми 32 соли Истиқлоли давлатӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум ва рушди минбаъдаи давлатамон мусоидат менамоянд. Дар ин замина нақши сиёсати хориҷии мамлакат таҳти роҳбарии меъмор ва поягузори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр муҳим ба ҳисоб меравад.

Нақши Сарвари давлат ҳамчун бунёдгузори сиёсати хориҷӣ дар муайян намуданди ҳадафҳои муҳим, самтҳои асосӣ  ва усули сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллӣ бисёр муассир аст.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат давраи то соли 2018-ро ҳамчун марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлатдории миллии тоҷикон ҷамъбаст намуда, марҳалаи нави рушди Тоҷикистонро чун давраи рушди устувори давлатдории миллӣ эълон намудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи сипаришуда робита ва ҳамкориро бо тамоми давлатҳои шарик тавсеа бахшид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт сиёсати «дарҳои боз»-ро идома дода, талош намуд, ки ҳамкориро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав барорад ва дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксари давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ дар соҳаҳои мухталиф муносибатҳои нек ва ҳамкории судманди гуногунҷанба дошта, минбаъд низ онҳоро тақвият мебахшад.

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 14, 2023 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд