ПРЕЗИДЕНТ ВА СИЁСАТИ ХОРИҶӢ. Давлатҳои ҷаҳон мавқеъ ва ташаббусҳои Тоҷикистонро дар масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо эътироф намудаанд
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 ноябр дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи тақдиросози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Вазорат маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки 16 ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат, пешвои ҳақиқии тоҷикон ва шахси тақдирсозу кафили сулҳу субот дар мамлакатамон рӯи корзори сиёсӣ омад.
Ҳамчунин изҳор гардид, ки бо ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар зарфи беш аз 30 сол бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатию дӯстӣ барқарор намуда, узви комилҳуқуқи 57 созмони байналмилалию минтақавӣ гардид. Нақши давлати мо махсусан дар созмонҳои бонуфуз зимни ҳалли масъалаҳои мубрами аҳамияти ҷаҳонию минтақавӣ дошта, аз қабили таъмини амнияту субот ва беҳдошти экологию иқлим, муассиру созанда арзёбӣ мегардад.


Тазаккур дода шуд, ки аксари давлатҳо мавқеъ ва ташаббусҳои Президенти Тоҷикистонро дар масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо эътироф намуда, дар ин масири созандагӣ бо мо ҳамёри боэътимод гардидаанд.
Бояд гуфт, ки ташаккулёбии сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз ибтидо пайгирона ва устуворона сурат гирифта, ҳоло ба як марҳалаи мутавозин, озмоишёфта ва қобили дурнамои нек расидааст.
Бо такя ба унсурҳои давлатдорию тамаддунофарии миллати куҳанбунёдамон, меҳвари муносибатҳои имрӯзаи моро низ, ҳусни ҳамҷаворию робитаҳои самимонаи дӯстона бо ҳамаи кишварҳои дуру наздик ташкил медиҳад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






