Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ҷомеаи футболи мамлакат мулоқот анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 04.11.2023 /АМИТ «»Ховар/. З ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо масъулони соҳаи варзиш ва футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарияти як қатор вазорату идораҳои мамлакат, инчунин аҳли ҷомеаи футболи ҷумҳурӣ мулоқот намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба вазъи имрӯзаи футбол дар шаҳру навоҳии мамлакат ва ояндаи варзиши рақами як дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шунида шуд.
Вазъи варзишгоҳҳо ва зерсохтори футбол дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мавриди интиқод қарор гирифт. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба масъулин ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ислоҳ намудани вазъ супоришҳои мушаххас доданд.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аз баромади бошгоҳҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 изҳори нигаронӣ намуданд. Ин дастаҳо дар мавсими имсолаи Лигаи олии Тоҷикистон баромади бебарор намуда, соли оянда дар лигаи якум ҳунарнамоӣ менамоянд.
«Вақте ки ман ҳамчун бозигар дар «Истиқлол» бозӣ менамудам, дастаи «Регар-ТадАЗ» рақиби асосии мо дар мубориза барои медалҳои тилло буд. Мутаассифона, ҳоло яке аз бошгоҳҳои серҷоизатарини мамлакат ба Лигаи якуми Тоҷикистон меравад – ин барои роҳбарияти «Регар-ТадАЗ» ва «ТАЛКО» хеле бад ва баҳои паст аст», – гуфтанд Рустами Эмомалӣ дар мулоқот.
«Дастаи шаҳри Бохтар мактаби хуби футбол дорад. Пештар бошгоҳи «Вахш» ном дошт. Чӣ гуна бошгоҳе, ки мактаби хуби футбол дорад ва даҳҳо бозигарро барои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон тарбият намудааст, ба лигаи якум меравад?», – гуфтанд президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Илова бар ин, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи вазъи бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ҳарф зада, ба роҳбарони вилоятҳо, шаҳру навоҳии мамлакат ҷиҳати зиёд намудани буҷаи дастаҳо, ҷалби сарпарастон ва хайрхоҳон барои дастгирӣ супоришҳо доданд.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳамаи ҳозирин самтҳои асосии барномаи рушди футболро муаррифӣ намуданд.
«Моро лозим аст, ки барои мухлисон шароит муҳайё созем ва шомгоҳон бозиҳои чемпионати Тоҷикистонро баргузор намоем», – таъкид намуданд Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Қабл аз оғози мавсими навбатии футбол дастур дода шуд, ки дар варзишгоҳҳои «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд, «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар, Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан ва «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода чароғҳо насб шаванд.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчунин дастур доданд, ки барои ҷалби мухлисон ба варзишгоҳҳо ва ташкили бозиҳои шавқовар барои ҳавасмандии онҳо дар бозиҳои чемпионат чораҳои зарурӣ амалӣ шаванд.
Ҳамчунин Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вазифадор гардид, ки дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаҳои донишгоҳӣ баргузор намоянд.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, тоҷирон ва хайрхоҳон даъват намуданд, ки ба рушди футбол дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои тарбияи футболбозони касбӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон










Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард






